Май 07, 2019 17:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қазоқистону Эрон бар тавсеаи ҳамкории баҳрӣ

Дар дидори сафири Қазоқистон дар Эрон бо мудири кулли Созмони банодир ва баҳнавардии Эрон  ду тараф дар бораи ҳамкориҳои муҳим ва роҳбурдии ҳамлу нақл ва транзитии ду ҷонибаву минтақаӣ бо якдигар музокира ва бар иртиқои сатҳи равобити баҳрию бандарӣ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Муҳаммади Ростод, мудири кулли Созмони банодир ва баҳрнавардии Эрон дар дидор бо Асхат Оразбой, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Эрон бо таъкид бар ин ки тавсеа ва тақвияти иртиботот ва ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф барои таъмини манофеи миллии ду кишвар нақши асосӣ дорад, изҳор дошт, Қазоқистон аз иртиқои сатҳи равобити иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол мекунад. Мудири кулли Созмони банодир ва баҳрнавардии Эрон бо истиқбол аз ҳузур ва сармоягузории ширкатҳои Қазоқистон дар банодири Эрон ба мувофиқатномаи ҳамкории киштиронии байни ду кишвар, ки ба муддати 2 сол имзо шудааст, ишора карда афзуд, иҷроӣ шудани ин тавофуқнома фурсати хубе барои тавсеаи равобити баҳрӣ ва бандарӣ аст.

Сафири Қазоқистон дар Эрон низ гуфт, ду кишвар бо густариши ҳамкориҳо бояд аз зарфиятҳои якдигар истифода кунанд. Асхат Оразбой бар алоқаи Қазоқистон барои сармоягузорӣ ва фаъолияти бандарӣ ва баҳрии Эрон таъкид ва ба боздидҳои худ аз зарфиятҳои бандарҳои Амиробод, Шаҳид Раҷоӣ ва Чобаҳор ишора кард. Сафири Қазоқистон ҳамчунин аз мудири кулли Созмони банодир ва баҳрнавардии Эрон барои ширкат дар ҳафтумин нишасти Кумитаи муштараки ҳамкории баҳрӣ ва бандарии ду кишвар, ки қарор аст, дар бандари Оқтоу баргузор шавад, даъват кард.

 

Барчасп