Кашфи гени ҷадиди муртабит ба бемории бофтҳои қалб дар Машҳад
(last modified 2019-05-07T14:24:50+00:00 )
Май 07, 2019 19:24 Asia/Dushanbe
  • Кашфи гени ҷадиди муртабит ба бемории бофтҳои қалб дар Машҳад

Нахустин бор дар ҷаҳон пажуҳишгарони Бемористони Разавии Машҳад бо ҳамкории Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Англия гени ҷадиде кашф карданд, ки бо бемориҳои бофтҳои қалбӣ муртабит аст.

Ба гузориши ИРНА,  доктор Комрони Ғаффорзодагон, муовини омӯзишӣ ва пажуҳишии Бемористони фавқуттахассуси Разавии Машҳад гуфт, кардиомиопатия ё бемориҳои моҳичаи қалб ба гурӯҳе аз бемориҳои бофтаҳои қалб гуфта мешавад, ки ирсӣ аст ва бар асари онҳо қалб наметавонад ҷараёни хуни кофиро барои аъзои бадан фароҳам кунад ва дар натиҷа, фард дучори норасоии қалбӣ мешавад. Ин пизишки эронӣ афзуд, ин ген бо талоши бевақфаи доктор Афсуни Фазлинажод, доктор Маҳдии Тоҳирпур ва доктор Эҳсони Ғайюр аз пажуҳишгарони барҷастаи машҳадии Бемористони Разавӣ кашф шуда ва дар мақолае дар маҷаллаи илмии "Генетик мулкули инсонӣ" ба чоп расидааст.

Бемористони фавқуттахассусиии Разавии шаҳри Машҳад ба унвони як маркази дармонӣ, омӯзишӣ ва пажуҳишии мунҳасир ба фард дар Эрон аз 14 соли пеш фаъолияти худро дар ин шаҳр оғоз кардааст.

 

Барчасп