Зариф: Имрӯз навбати дунёст, ки ба тааҳҳудоти худ амал кунад
(last modified Wed, 08 May 2019 11:54:37 GMT )
Май 08, 2019 16:54 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Имрӯз навбати дунёст, ки ба тааҳҳудоти худ амал кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Теҳрон ба ҷаҳон нишон додааст, ки ба тааҳҳудоти худ пойбанд аст ва имрӯз навбати дунёст, ки ба тааҳҳудоташ дар қиболи Эрон амал кунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе дар маҳалли Сафорати Эрон дар Маскав, дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, тайи як соли гузашта Эрон дар баробари талошҳои Амрико барои нобуд кардани БарҶом ҳамвора бар тааҳҳудоти байналмилалии худ пойбанд будааст.

Зариф изҳор дошт, охирин иқдоми Амрико дар рӯзи чаҳоруми майи соли 2019 иҷрои БарҶомро ғайримумкин кард ва Вашингтон бо фишору таҳдид ва қулдурӣ, дар садади манъи Эрон аз анҷоми фаъолиятҳои ҳастаӣ дар чорчӯби БарҶом аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба таваққуфи бархе иқдомоти Теҳрон дар БарҶом изҳор дошт, Эрон дар марҳалаи феълӣ дигар худро мутааҳҳид ба риояти маҳдудиятҳои марбут ба нигаҳдории захоири урани ғанишуда ва захоири оби сангин намедонад.

Зариф бо таъкид бар ан ки иқдомҳои Эрон ба маънои хуруҷи Теҳрон аз БарҶом нест, хотирнишон кард, ин иқдоми Эрон як фурсати шастрӯзаро барои аъзои боқимондаи БарҶом ироа мекунад, ки битавонанд бо таъмини ҳуқуқи Эрон дар БарҶом, ин тавофуқро ба ҳолати аввалия баргардонанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Теҳрон ҳеҷ чизе бештар аз ҳуқуқаш дар БарҶом намехоҳад, гуфт, ҳар замон, ки кишварҳои боқимонда дар БарҶом (Англия, Олмон, Фаронса, Русия ва Чин) ба тааҳҳудоташон амал кунанд, Теҳрон низ ба ҳамон мизон иҷрои муҷаддади тааҳҳудоти мутаваққифшудаи худро аз сар хоҳад гирифт.