Май 08, 2019 19:39 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамалоти террористии Покистон ва Афғонистон аз сӯи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамалоти террористӣ дар шаҳрҳои Лоҳури Покистон ва Кобули Афғонистонро маҳкум кард.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо давлат ва миллатҳои Покистон ва Афғонистон, бавижа қурбониёни ҳамалоти террористии имрӯз ибрози ҳамдардӣ ва барои маҷруҳон орзуи саломатӣ кард.

Имрӯз (чаҳоршанбе) бар асари инфиҷори бомба дар шаҳри Лоҳури Покистон, 9 нафар, азҷумла панҷ нерӯи амниятии ин кишвар кушта ва 25 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳоли бархе захмиҳо вахим гузориш шудааст.

Инфиҷори террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул, пойтахти Афғонистон низ дастикам 9 захмӣ барҷой гузошт.

 

Барчасп