Ибрози умедвории Иттиҳоди Аврупо барои мондани Эрон дар чорчӯби БАРҶОМ
Як рӯз пас аз иқдоми Эрон ба таълиқи бархе тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ, Иттиҳоди Аврупо ибрози умедворӣ кард, Теҳрон дар чорчӯби ин тавофуқ бимонад.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва вазирони умури хориҷаи Бритониё, Фаронса ва Олмон имрӯз (панҷшанбе) дар баёнияе эълом карданд, ки ҳар гуна ултиматумро дар мавриди БАРҶОМ рад мекунанд ва бо нигаронӣ баёнияи Эронро дар бораи коҳиши тааҳҳудоташ дар зайли ин тавофуқ, мавриди мулоҳиза қарор медиҳанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе (8 май) дар нахустин солгарди хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ ва бо ишора ба кӯтоҳии Аврупо дар ҷуброни ҳазинаҳои ин хурӯҷ эълом кард, Эрон дар чорчӯби БАРҶОМ ду тааҳҳуди худро мутаваққиф мекунад, то аврупоиҳо кӯтоҳии худро дар муддати 60 рӯз ҷуброн кунанд.
Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳам гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон то кунун аз БАРҶОМ хориҷ нашудааст, аммо хурӯҷи марҳала ба марҳала аз ин тавофуқ дар дастури кор қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи хабарии “Deutsche Welle”-и Олмон рӯзи панҷшанбе ба нақл аз як мақоми аршади Иттиҳоди Аврупо гузориш дод, ки Аврупо коҳиши тааҳҳудоти БАРҶОМ-ии Эронро ба манзалаи нақзи ин тавофуқ ё хурӯҷ аз он намедонад.
Иттиҳоди Аврупо дар баёнияи имрӯзи худ зимни эъломи ҳимоят аз БАРҶОМ ва ибрози таассуф аз бозгашти таҳримҳои зиддиэронии Амрико дар пайи хурӯҷ аз ин тавофуқ афзуд, ки умедвор аст, Теҳрон ба созукорҳо ва чорчӯбҳои БАРҶОМ шомили "комиссюни муштарак" идома диҳад.