Май 09, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи ҷавони итолиёӣ ба дини Ислом

Ҷавони итолиёӣ бо ҳузур дар дафтари намояндаи валии фақеҳ дар устони Мозандарон (шимоли Эрон) ба дини Ислом, мушарраф шуд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, ин ҷавони итолиёӣ эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи таҳқиқот ва баррасиҳояш, дини Исломро пазируфтааст.

Вай ҳамчунин пас аз қироати шаҳодатайн бо ҳузурт Оятуллоҳ Нуруллоҳ Табарсӣ, намояндаи валии фақеҳ дар устони Мозандарон ва пазириши рисолат ва хотамияти Паёмбари аъзам (с), ба дини муқаддаси Ислом мушарраф шуда ва номи худро Юсуф гузошт.

Оятуллоҳ Табарсӣ ба унвони ҳадия як ҷилд Қуръон ба ин ҷавон эҳдо кард.

Дар солҳои ахир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф бавижа аврупоӣ ва амрикоӣ дар Эрон ба дини Ислом гиравидаанд.

 

Барчасп