Роҳпаймоии мардумӣ дар ҳимоят аз иқдомоти давлати Эрон дар БАРҶОМ
(last modified Fri, 10 May 2019 12:58:50 GMT )
Май 10, 2019 17:58 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии мардумӣ дар ҳимоят аз иқдомоти давлати Эрон дар БАРҶОМ

Мардуми Эрон бо баргузории роҳпаймоӣ дар саросари кишвар аз таваққуфи бархе иқдомоти Эрон дар БАРҶОМ ҳимоят карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, мардуми Эрон пас аз иқомаи намози ҷумъа бо баргузории роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои мухталифи кишвар, зимни сар додани шиорҳои "Марг бар Амрико!", "Марг бар Исроил!" бар зарурати иқдоми қотеона дар баробари бадаҳдии Амрико ва Аврупо дар БАРҶОМ таъкид кард.

Мардуми Эрон ҳамчунин дар поёни ин роҳпаймоӣ бо судури қатъномае ба сарони Амрико ҳушдор доданд: Ҳар гуна таҳаррук ва таҳдид алайҳи Эрон бо вокуниши қотеи мардум рӯбарӯ мешавад.

Мардуми Эрон ҳамчунин бо таъкид бар эътимод накардан ба бегонагон ва таслим нашудан дар баробари зиёдахоҳиҳои истикбор, аз давлати Эрон хостанд дар баробари идомаи бадаҳдии Амрико ва Аврупо гоми ҷиддӣ бардорад.