Эрон – мизбони паноҳҷӯёни афғон ва масъулиятҳои ҷаҳонии фаромӯшшуда
“Кишварҳои ғарбӣ мусаббаби бисёре аз мушкилот дар Афғонистон ҳастанд ва бояд ба масъулияти худ дар қиболи муҳоҷирони афғон амал кунанд”.
Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷии Эрон рӯзи шанбе дар посух ба бархе шубҳаафканиҳо перомуни суханони ахираш дар хусуси мизбонии Эрон аз муҳоҷирони афғон таъкид кард, баҳси ихроҷ ва бозгардондани муҳоҷирони афғон аз Эрон матраҳ нест, аммо касоне, ки мусаббаби бисёре аз мушкилоту масоил дар Афғонистон ҳастанд, бояд ба масъулияти худ амал кунанд.
Эрон тайи наздик ба чаҳор даҳа мизбони паноҳҷӯёни афғон будааст ва ба ин меҳмоннавозии худ ифтихор мекунад, аммо аз дигарон ҳам мехоҳад, ки ба масъулияти худ дар ин робита амал кунанд. Иқдомоти Эрон дар муқобила бо маводи мухаддир ва кӯтоҳиҳои Аврупо дар ин замина низ мисдоқи дигаре аз дугонагиҳои Ғарб аст. Беш аз чор ҳазор нафар аз нерӯҳои марзбон ва пулиси Эрон дар мубориза бо қочоқчиёни маводи мухаддир ба шаҳодат расидаанд; маводи мухаддире, ки масири он аз Афғонистон ва минтақа умдатан ба самти Аврупо аст.
Истимрори ҳузури паноҳандагон мушкилотеро эҷод мекунад, ки ҳеҷ кишвари мизбоне наметавонад ба танҳоӣ онҳоро посухгӯ бошад.
Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон як сол пеш дар дидори Филиппо Грэнди, комиссари олии паноҳандагони Созмони Милал хотирнишон кард, барои дарки бештари мушкилоти ношӣ аз мизбонии паноҳандагон ҷо дорад, чанд сол ҳам соири кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ мизбони ин паноҳандагон бошанд.
Бар асоси гузориши Комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуд як миллион муҳоҷири номнависишудаи афғон дар Эрон зиндагӣ мекунад. Ҳудуди ду миллион овораи афғон низ ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни мадорики ҳувиятӣ дар Эрон зиндагӣ мекунад. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кумак ба муҳоҷирон ҳеҷ гоҳ ва таҳти ҳар шароите аз ироаи хадамоти зарурӣ дареғ накардааст. Фармони Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ барои таҳсили кӯдакони афғон дар Эрон аз ҷумлаи пешрафтатарин сиёсатҳо дар хадамотрасонӣ ба паноҳандагон маҳсуб мешавад. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб дар моҳи майи соли 2015 дар хусуси зарурати таҳсили кӯдакони афғон, ҳатто муҳоҷирини ғайриқонунӣ фармуданд: «Ҳеҷ кӯдаки афғонистонӣ, ҳатто муҳоҷирине, ки ба сурати ғайриқонунӣ ва бемадрак дар Эрон ҳузур доранд, набояд аз таҳсил бозмонанд ва ҳамаи онҳо бояд дар мадориси эронӣ сабти ном шаванд». Савала Шамим, мудири умури барномарезии Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар ҳамин хусус мегӯяд: "Оини нигоҳи инсондӯстона дар Ҷумҳурии Исломии Эрон арзиши болое дар миёни мардуми ҷаҳон дорад".
Оморҳо нишон медиҳанд, наздик ба 17 ҳазор донишҷу ва низ 25 ҳазор фориғуттаҳсил аз донишгоҳҳои Эрон аз ҷамъияти паноҳандагони афғон ба унвони фарҳехтагони илмӣ ва фарҳангӣ омодаи сохтани Афғонистони ҷадид ҳастанд.
Дар ин воқеият тардид нест, ки гузор аз даврони паноҳандагӣ сахт ва душвор аст. Аммо он чӣ метавонад ин давронро таҳаммулпазир созад, ҳимояти воқеӣ аз паноҳандагон ба дур аз мулоҳизоти сиёсӣ аст. Ҳарфи имрӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам ин аст, ки дарду ранҷ ва оворагии мардуми Афғонистон ҷуз бо бозгашти суботу амният ба ин кишвар поён нахоҳад ёфт. Ин дар шароитест, ки мусаббаби мушкилот ва оворагии мардуми Афғонистон дар дараҷаи аввал ғарбиҳо ва касоне ҳастанд, ки гурӯҳҳои террористиро эҷод ва ҳимоят карданд; касоне ҳастанд, ки нерӯҳои низомӣ ба Афғонистон фиристоданд ва пойгоҳи низомӣ дар он кишвар эҷод карда ва ҷанг ба роҳ андохтанд. Бо таъкид бар ин воқеиятҳо аст, ки муовини вазири умури хориҷии Эрон тасреҳ кард: намешавад, ҳам таҳрим кунанд, ҳам мушорикат накунанд ва ҳам таваққӯъ дошта бошанд, ки мушкиле барои онҳо пеш наояд ва ҳама ҳазинаҳоро ҷумҳури исломӣ бипардозад.