Май 13, 2019 14:18 Asia/Dushanbe
  • Сафари Зариф ба Туркманистон, таъкид бар тавсеъаи равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар садри ҳайъати баландпояи сиёсӣ-иқтисодӣ, ба Ишқобод пойтахти Туркманистон сафар кардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин сафар бо мақомоти Туркманистон, дар бораи роҳҳои густариши равобити дуҷониба аз ҷумла дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ, гумрукӣ ва ҳамчунин таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Эҷоди зарфиятҳои нави ҳамкорӣ дар ду бахши энержӣ ва транзит аз мавзӯъоти муҳим дар равобити ду кишвар аст. Ҳамкорӣ дар ин ду ҳавза аз аҳамияте чандҷониба ва роҳбурдӣ бархурдор аст. Судури газ ва эҳдоси хатти интиқоли лулаи нафти сеҷонибаи Эрон- Қазоқистон ва Туркманистон дар соҳилҳои баҳри Хазар аз иқдомотест, ки заминаи ҳамкории ду ва чандҷонибаро дар ҳавзаи энержӣ эҷод кардааст. Ба наҳве, ки ду кишвар метавонанд дар заминаи содирот ва транзити нафту газ ҳамкорӣ кунанд. Дар заминаи ҳамлу нақл ва транзити коло низ роҳи оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон тавонистааст Осиёи Марказиро аз тариқи коридори шимол- ҷануб ва бо истифода аз бандари Чобаҳор ба баҳри Форс, баҳри Уммон ва уқёнуси Ҳинд муттасил кунад, ки ин иртиботи райлӣ низ фурсати муносиберо барои транзит ва ҳамли коло фароҳам кардааст.

Ифтитоҳи роҳи оҳани 920 километрии Қазоқистон-Туркманистон-Эрон дар соли 2014 ба унвони коридори райлии шимолӣ-ҷанубии шарқи баҳри Хазар, ки наздик ба 700 километри он дар хоки Туркманистон воқеъ шудааст зарфиятҳои наверо барои тавсеъаи беш аз пеши ҳамкории Эрон бо ин ҳамсояи шимолӣ эҷод кардааст.

Беҳрӯзи Қазал, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, масири транзитии Эрон дар рутбаи нахусти аҳамият қарор дорад ва ҳамкориҳои ду кишвар дар ин замина ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақааст. Ин мазиятҳо нишонаи чашмандози рушани равобити Эрон ва Туркманистон аст.

Акнун заминаҳои ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаҳои иқтисодӣ мутанавиътар шудааст ва масири муштараки интиқоли энержӣ ҷойгоҳи муҳим ва роҳбурдии ду кишварро дар минтақа иртиқоъ додааст.

Ҷанбаи дигари ҳамкориҳои Эрон ва Туркманистон таъсиргузор будани ин равобит ба тақвияти субот ва амният дар минтақааст, ки дар шароити кунунӣ ва бо таваҷҷуҳ ба чолишҳои амниятии таҳмилшуда бар минтақа дорои аҳамияти вижае аст.

Дар арзёбии муносиботи ду кишвар, метавон гуфт, ки равобити Эрон ва Туркманистон аз яксӯ аз пайвандҳои тахрихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бархурдор аст ва аз сӯи дигар дорои аҳамияте сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Дар ҳамин росто дар сафари соли гузаштаи Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ба Туркманистон тавофуқоти хубе байни ду тараф анҷом гирифт, аз ҷумлаи ин тавофуқот тавсеъаи ҳамкориҳои нафтӣ ва газӣ аст, ки ду тараф ба чорчубе муносиб дар ростои тавсеъаи ин ҳамкориҳо даст ёфтанд. Акнун равобити  Эрон ва Туркманистон бо таваҷҷуҳ ба тавсеъаи стратегии осиёии Чин ва нигоҳи вижа ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғарби Осиё ба вижа дар бахши таъмини ниёзҳои энержӣ ва табдил шудан ба бузургтарин харидори нафт, аҳамияте музоаф ёфтааст. Ин мавзӯъ ба рағми таҳримҳои Амрико ва фишорҳои сиёсӣ бар дигар кишварҳо дар равобит бо Эрон нишондиҳандаи ҷойгоҳи Эрон дар стратегиҳои калони минтақаӣ аст. Аз ин ру музокироти вазири умури хориҷаи Эрон дар Ишқобод, илова бар масоили дуҷониба дар чорчуби машваратҳо дар бораи амнияти содироти энержӣ бо таваҷҷуҳ ба рафторҳои ғайриқобили пешбинии Амрико дар минтақа, дорои аҳаммият аст.