Май 13, 2019 14:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмиллалии Шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим дар Машҳад оғоз шуд

Ҳамоиши байналмиллалии Шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим бо ҳузури устодон, соҳибназарон, пажуҳишгарон ва муҳаққиқони арсаи шоҳнома ва Фрдавсишиносии дохилӣ ва хориҷӣ дар Машҳад оғоз ба кор кард.

Дабири илмии Ҳамоиши байналмиллалии Шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим рӯзи душанбе дар маросими оғози ин ҳамоиш гуфт, ин ҳамоиш бо ҳадафи пайванд додани шоҳнома бо хориҷ аз марзҳои Эронзамин ва ҳавзаи тамаддунии Эрон баргузор мешавад.

Доктор Алиризо Қиёматӣ афзуд, шоҳнома китоби пайвандҳост, зеро бузургтарин санаде аст, ки ҳувияти миллӣ ва мазҳабии моро ба ҳам пайванд медиҳад.

Вай идома дод, Фирдавсӣ бо ишқ ба фарҳанг ва ҳувияти эронӣ ва даромехтани он бо муҳаббат ба хондани асамат ва таҳорат маъҷуне сохт, ки фарҳанги эрониро паёмовари умед ва оштӣ ва сулҳ муъаррифӣ кард.

Дабири илмии Ҳамоиши байналмиллалии Шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим гуфт, шоҳнома китоби пайванди Осиёи Марказӣ аст ва ҳеҷ китобе ба андозаи шоҳнома дар масири ҷоддаи Абрешим муътабар набуда ва нест.

Қиёматӣ афзуд, шоҳнома китоби дод аст ва бар ғамгусорӣ аз мардумон таъкиди фаровон дорад.

Вай изофа кард, ин фарохон ба 52 кишвари дунё ва тамомии марокизи донишгоҳӣ ва фарҳангии Эрон ирсол шуд, ки дар натиҷа 328 мақола ба дабирхонаи ин ҳамоиш расид, ки 49 маврид аз ин теъдод мақолоти хориҷӣ ҳастанд.

Дабири илмии Ҳамоиши байналмиллалии Шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим гуфт, дар ниҳоят теъдоди 109 мақола тавассути ҳайъати доварон баргузида шуд, ки 56 мақола дар китоби маҷмуъа мақолот чоп мешавад ва 53 мақолаи дигар дар нусхаи интернетии мақолоти ҳамоиш дар дастраси алоқамандон аст.

Ҳамоиши байналмиллалии Шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим ба муддати се рӯз идома дорад.