Камолвандӣ: Музокира дар бораи тавоноиҳои Эрон пазируфтанӣ нест
Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт, акнун замони музокира нест, бавижа агар мавзӯи музокираи тавоноиҳои Эрон бошад, музокира ба ҳеҷ ваҷҳ қобили пазириш нест.
Ба гузориши ИСНА, Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт, акнун замони музокира нест ва то вақте, ки Амрико аз мавзӯоте аз ҷумла тавоноиҳои мушакӣ, дифоӣ ва масоили дигар даст барандорад, намешавад музокира кард.
Камолвандӣ бо ишора ба дастури раисиҷумҳури Эрон дар бораи гоми аввали иқдомот дар робита бо коҳиши тааҳҳудоти ҳастаӣ, гуфт, кори афзоиши "зарфият ва раванди тавлид" дар ду ҳавзаи тавлиди урани ғанишуда ва оби сангин оғоз шуда ва ин масъала ба сайти Натанз ва корхонаи тавлиди оби сангини Арок низ эълом шудааст.
Вай гуфт, барои амрикоиҳо дар давраи қабл тӯл кашид, ки мутаваҷҷеҳ шаванд баҳси "ғанисозии сифр" амалӣ нест ва баъд ҳам дар ниҳоят ин сиёсатро канор гузоштанд, ки шуд БАРҶОМ ва ҳоло тими Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дорад, ҳамон сиёсати шикастхӯрдаи қаблиро таҷруба мекунад, ин таҷруба барои ҳокимони ҷадид тозагӣ дорад.
Ин мақоми Созмони энержии атомии Эрон дар бораи шароити музокира бо Амрико изҳор кард, амрикоиҳо бояд даст аз фишор ва таҳдид бардоранд. Аввал бояд таҳримҳоро канор бигузоранд на ин, ки барои музокира таҳрим кунанд, балкӣ барои музокира бояд таҳримҳоро бардоранд.