Май 17, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ: Кишварҳои ҳомии эътилофи мутаҷовизи Саудӣ бояд посухгӯ бошанд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷинояти ҷадиди эътилофи Саудӣ дар бомбборони манозили маскунӣ дар шаҳри Санъо, пойтахти Яманро маҳкум кард.

Дар ҳамлаи рӯзи гузаштаи ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба Санъо 6 узви як хонавода, аз ҷумла чаҳор кӯдаки яманӣ ҷон бохтанд ва ҳамчунин 27 кӯдак, 17 зан ва даҳҳо шаҳрванди дигар захмӣ шуданд.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа зимни ибрози ҳамдардӣ бо бозмондагони қурбониёни ин ҳамлаи ҳавоӣ дар моҳи мубораки Рамазон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз маҷомеи байналмилалӣ ва ҳуқуқибашарӣ мехоҳад ба масъулияти худ амал кунанд ва аз ҳар тариқи мумкин монеи такрори ин ҷиноёт шаванд. Мӯсавӣ таъкид кард, кишварҳои ҳомии нерӯҳои мутаҷовиз ба Яман бо дар ихтиёр қарор додани бомбҳо ва силоҳҳои нобудкунанда ба эътилоф дар ин ҷиноёт шарик буда ва бояд посухгӯ бошанд.

Арабистон ва Аморот аз соли 2015 дар қолаби эътилофе аз чанд кишвари арабӣ ва бо кумаки Амрико ҳамалоти густурдаеро алайҳи Яман, фақиртарин кишвари арабӣ оғоз кардаанд, то ба аҳдофу зиёдахоҳиҳои сиёсии худ дар минтақа даст ёбанд. Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ва муттаҳидонаш пас аз куштори ҳазорони ғайринизомӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои Яман то кунун натавонистаанд ба аҳдофи зиёдахоҳонаи худ даст ёбанд.

 

Барчасп