Уламои тунисӣ: Такфири эрониҳо боҷхоҳии сиёсӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i4393-Уламои_тунисӣ_Такфири_эрониҳо_боҷхоҳии_сиёсӣ_аст
Уламои динӣ ва мутафаккирони тунисӣ, бетаваҷҷуҳии мақомоти саудӣ дар идораи ҳаҷ ва ҷилавгирӣ аз ҳузури ҳоҷиёни эронӣ, яманӣ ва сурӣ дар маросими ҳаҷҷи имсолро маҳкум карданд ва хостори шаффофсозӣ дар бораи фоҷеаи Мино шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 18, 2016 15:11 Asia/Dushanbe
  • Уламои тунисӣ: Такфири эрониҳо боҷхоҳии сиёсӣ аст

Уламои динӣ ва мутафаккирони тунисӣ, бетаваҷҷуҳии мақомоти саудӣ дар идораи ҳаҷ ва ҷилавгирӣ аз ҳузури ҳоҷиёни эронӣ, яманӣ ва сурӣ дар маросими ҳаҷҷи имсолро маҳкум карданд ва хостори шаффофсозӣ дар бораи фоҷеаи Мино шуданд.

Ҳанӯз баҳсу ҷадал дар бораи фоҷеаи Мино ва интиқод аз нотавонии мақомоти саудӣ дар ҳифзи ҷони зоирони Хонаи Худо ва такрори ҳаводиси мушобеҳ идома дорад.

Ба гузориши "Алолам", уламои динии Тунис муътақиданд, такфири миллати Эрон ва ҷилавгирӣ аз ҳузури ҳоҷиёни ин кишвар ба иловаи ҳоҷиёни сурӣ ва яманӣ иқдоме бисёр хатарнок аст.

Саҳом бин Азуз, пажӯҳишгари улуми сиёсӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори "Алолам" таъкид кард: "Ҳанӯз ҳеҷ гуна ҳамкории ҷиддии мақомоти саудӣ дар бораи фоҷеаи Мино собит нашудааст ва ҳамин бетаваҷҷуҳӣ барои муҷрим шинохта шудани мақомоти саудӣ кофӣ аст".  

Фарид Боҷӣ, аз уламои Тунис дар гуфтугӯ бо хабарнигори "Алолам" изҳор дошт: "Чунин тасмиме, ки бигӯяд шиаён ба ҳаҷ нараванд, бар хилофи дин аст. Агар ба назари онҳо шиаён кофиранд, чаро даҳҳо сол ба онҳо иҷозаи ҳузур дар маносики ҳаҷро доданд ва ҳоло, ки байни онҳо бо шиаён ихтилофи сиёсӣ пеш омада, монеашон мешаванд? Сиёсӣ кардани ҳаҷ аз ҷониби саудиҳо бисёр хатарнок аст".

Фавзӣ ал-Алавӣ, раиси Маркази мутолеоти фалсафӣ ва улуми инсонӣ низ гуфт: "Идораи ин маносики динӣ табдил ба ошӯбе шудааст, ки натоиҷи мусибатборе барои ҳоҷиён дар пай дорад. Дархости мо, ниҳодина ва қонунманд кардани ҳаҷ ва назорати байналмилалӣ бар ин ойини исломӣ аст. Бешак, мудирият ва контроли ихтилофот бидуни такфир ё мунзавӣ кардани кишварҳо, беҳтарин роҳи иттиҳоди мусулмонон аз мазоҳиби мухталиф аст".

Дар замоне, ки Арабистон ба фитнаҳо доман мезанад, тунисиҳо огоҳии болое аз худ нишон медиҳанд ва ҷилавгирӣ аз адои маносики ҳаҷ ба унвони муҳимтарин ойини ҳамбастагии мусулмононро маҳкум мекунанд.