Теҳрон бо Вашингтон музокира намекунад
(last modified Tue, 21 May 2019 14:35:20 GMT )
Май 21, 2019 19:35 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон бо Вашингтон музокира намекунад

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, то замоне ки Амрико бо пойбандӣ ба тааҳҳудоташ дар БарҶОМ ба Эрон эҳтиром нагузорад, Теҳрон бо Вашингтон вориди музокира нахоҳад шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи амрикоии CNN таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико вориди музокира нахоҳад шуд. Зариф ҳамчунин бо ҳушдор ба иқдомоти таҳрикомези Амрико дар ғарби Осиё афзуд, Амрико бо афзоиши ҳузури низомӣ дар минтақа "бозии бисёр, бисёр хатарнокеро ба роҳ андохтааст."

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон бо интиқод аз эъзоми новгурӯҳи зарбатии "ЮЭсЭс Абраҳам Линколн" ва ягони бомбафкани Амрико ба минтақаи ғарби Осиё гуфт, қарор додани тамоми ин дороиҳои низомӣ дар як минтақаи кӯчак ба худи худ заминасози ҳодиса аст. Вазири умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои ахири раисҷумҳури Амрико зидди Эрон дар “Твиттер” низ афзуд, ҷумҳурии исломӣ дар муқобили таҳдид сари таъзим фуруд намеоварад ва ҳаргиз бо иҷбор музокира намекунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳаштуми майи  соли 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар БарҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои зидди Эронро эълом кард.

 

Барчасп