Май 23, 2019 13:20 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба ҷамъи кишварҳои дорои истгоҳи шоржи худрави барқӣ пайваст

Мудири омили гуруҳи санъатии Мапна (MAPNA ) вобаста ба Вазорати неруи Эрон гуфт, бо эҳдоси нахустин истгоҳи шоржи худрави барқӣ дар Теҳрон тавассути ин ширкат Эрон ба ҷамъи кишварҳои дорои истгоҳи шоржи худрави барқӣ пайваст.

Ба гузориши ИРНО, Аббоси Алиободӣ чаҳоршанбешаб дар маросими ифтитоҳияи нахустин истгоҳи шоржи худрави барқӣ дар Теҳрон афзуд, ин истгоҳ дорои ду хатти таъмини тавон барои худравҳо ва маторсиклетҳои барқӣ аст.

Алиободӣ афзуд, дар як хатти ин истгоҳ имкони шоржи сареъ ва кунди ин систем барои худравҳои барқӣ насб шуда ва дар хатти дуввум имкони шорж барои маторсиклетҳо вуҷуд дорад.

Мудири омили гуруҳи санъатии Мапна бо баёни инки шоржерҳо бар асоси стандардҳои байналмиллалӣ тавассути мутахассисони дохилӣ бумисозӣ шудааст гуфт, шоржи сареъи худрави барқии ин инстгоҳ дорои як хуруҷии шоржи E.C бо тавони 43 киловат аст, ки барои ҳамаи худравҳои барқии стандард қобили истифода аст.