Такзиби ахбори марбут ба мамнӯияти вуруди маводи сӯхти Эрон ба Афғонистон
(last modified Thu, 23 May 2019 11:16:21 GMT )
Май 23, 2019 16:16 Asia/Dushanbe
  • Такзиби ахбори марбут ба мамнӯияти вуруди маводи сӯхти Эрон ба Афғонистон

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул, тайи иттилоияе интишори ахбори марбут ба мамнӯияти вуруди маводи сӯхтӣ аз Эрон ба Афғонистонро такзиб кард.

Сафорати Эрон дар Кобул эълом кард, назар ба интишори бархе ахбори ғайри дақиқ дар хусуси мамнуияти воридоти сӯхт аз Эрон ба Афғонистон, ба иттилоъ мерасонад, тайи рӯзҳои гузашта мароҷеи зисалоҳ дар ин кишвар ба манзури иҷтиноб аз бурузи ҳаводиси эҳтимолӣ ва бо эъломи қаблӣ ба сафорати Эрон дар Кобул, иқдом ба ҷилавгирӣ аз вуруди маводи нафтии ғайри стандарт ва низ пораии зоиоти сӯхтӣ ба Афғонистон кардаанд.

Дар ин иттилоия омадааст, бо таваҷҷӯҳ ба садамоте, ки ин гуна рафторҳои судҷуёна дар ду сӯи марз бар эътибори маводи сӯхтии Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид месозад, талош хоҳад шуд дар ояндаи наздик бо ҳамоҳангии масъулони ду кишвар ва дар ҷиҳати риояти ҳарчӣ бештари стандартҳо, назоратҳои сахтгиронатаре бар вуруди сӯхт ва дигар фаровардаҳои нафтӣ ба Афғонистон анҷом шавад.

 

Барчасп