Май 24, 2019 16:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зариф ва Имрон Хон. Таъкид бар густариши ҳамкории Эрон ва Покистон

Вазири умури хориҷаи Эрон ва нахуствазири Покистон бар густариши ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Исломобод сафар кардааст, рӯзи ҷумъа дар дидори Имрон Хон, нахуствазири Покистон гуфт, густариши ҳамкории дуҷониба, бавижа барқарории иртибот байни бандарҳои Чобаҳор (ҷануби шарқи Эрон) ва Гвадари Покистон ва истифода аз зарфиятҳои болои онҳо барои манофеи ду кишвар зарурӣ аст.

Имрон Хон, нахуствазири Покистон низ бо ишора ба сафари моҳи гузашта (апрел)-и худ ба Эрон, бар алоқамандии Исломобод ба густариши равобит бо Теҳрон ва ҳамкорӣ дар марзҳои муштарак ва низ аҳамияти сулҳу ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва исломӣ таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷа ва Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи Нерӯи заминии артиши Покистон низ ба таври ҷудогона дидору гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳои осиёии панҷшанбешаб вориди Исломобод, пойтахти Покистон шуд.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон 12 –уми майи соли 2019 сафари давраии осиёии худро аз Туркманистон оғоз кард ва сипас ба Ҳинд, Ҷопон ва Чин рафт.

 

Барчасп