Зариф: Трамп на таърих медонад ва на эрониёнро мешиносад
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, суханони зишти раисҷумҳури Амрико дар бораи Эрон нишон дод, ки вай на танҳо чизе аз таърих намедонад, балки миллати Эронро ҳам намешиносад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Покистон сафар кардааст, рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо ИРНА, дар вокуниш ба суханони сахифу зишти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар террорист хондани миллати Эрон афзуд, агар касе террорист бошад, он шахс Трамп аст, ки муртакиби терроризми иқтисодӣ шудааст.
Зариф бо баёни ин ки Эрон чун ҳамеша дар сафи аввали мубориза бо терроризм дар минтақаи ғарби Осиё қарор дорад, афзуд, ҳимояти Эрон аз мардуми Ироқ ва Сурия дар баробари терроризм тавассути ин миллатҳо қадрдонӣ шуда ва ин воқеияте аст, ки ҳама ба он эътироф доранд.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба изҳороти густохонаи чанд рӯзи гузаштаи Трамп, мабнӣ бар ин ки поёни Эронро шоҳид хоҳад буд, афзуд: Эрон ҳазорон сол буда ва хоҳад буд ва мақомоти амрикоӣ ба унвони як кишвари тоза ба давронрасида наметавонанд ин тавр дар бораи Эрон сӯҳбат кунанд.
Зариф гуфт, изҳороти Трамп ва ҳамкоронаш бори дигар нишон дод, иддаои онон мабнӣ бар ҳимоят аз мардуми Эрон, дурӯғе беш нест.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳои осиёӣ, панҷшанбешаб вориди Исломобод, пойтахти Покистон шуд.