Май 25, 2019 20:27 Asia/Dushanbe

Маҷаллаи фарҳангӣ - ҳунарии “Бухоро” дар Теҳрон дар нишасте бо Шоҳмансури Шоҳмирзо - нависандаи тоҷикистонӣ, китоби достони ахири ӯро, ки бо номи “Боғи шафтолу” ба чоп расидааст, нақду баррасӣ кард.

Шоҳмансури Шоҳмирзо аз ноябри соли 2006 дар муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон ба унвони коршинос фаъолият мекунад. Вай то кунун китобҳои “Сурмаи дил”, “Ҳазор қандил”, “Модарнома” ва “Давлати безавол” - ро дар Тоҷикистон мунташир кардааст.

Шоҳмансури Шоҳмирзо китобҳои бисёреро аз русӣ ва криллӣ ба форсӣ тарҷума карда ва аз ӯ беш аз 700 мақола ва матлаб дар муаррифии машоҳир ва мафохири Тоҷикистон дар маҷаллоти эронӣ мунташир шудааст.

“Боғи шафтолу” нахустин китоби достонҳои ӯст.

Image Caption

 

Шоҳмансури Шоҳмирзо дар бораи ин барномаи фарҳангӣ дар маҷаллаи “Бухоро” бо хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфтугӯ кардааст, ки суҳбати савтияшро метавонед бишнавед.