Май 26, 2019 09:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси ҷумҳури Ироқ бар густариши равобит бо Эрон

Раиси ҷумҳури Ироқ дар дидори вазири умури хориҷаи Эрон бар аҳамияти тақвияти равобити Бағдод бо Теҳрон таъкид кард.

Барҳам Солиҳ раиси ҷумҳури Ироқ шомгоҳи шанбе дар дидори Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар Бағдод, тақвияти муносибот бо Эрон ва кишварҳои исломиро омиле барои афзоиши субот дар минтақа ва барқарории равобити мутавозин дар чорчуби манофеъи муштарак донист.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон низ дар ин дидор бо ибрози алоқа барои густариши ҳамкории Теҳрон ва Бағдод гуфт, Эрон дар тамоми арсаҳо аз Ироқ ҳимоят мекунад.

Зариф ҳамчунин даъвати расмии Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон аз раиси ҷумҳури Ироқ барои сафар ба Теҳронро  тақдими Барҳам Солиҳ кард, ки бо истиқболи вай ру ба ру шуд.

Зарурати талош барои пешгирӣ аз бурузи даргирӣ ё афзоишии таниш дар минтақа лузуми гуфтугӯ бо ҳадафи тақвияти пояҳои сулҳ дар минтақа ва аҳмияти талоши муштарак барои ҳифзи минтақа аз зиёнҳои ношӣ аз таҳримҳо аз дигар меҳварҳои матраҳшуда дар ин дидор буд.

Зариф асри шанбе дар садри як ҳайъати баландпояи сиёсӣ барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти ироқӣ вориди Бағдод шуд.

Севвумин сафари Зариф ба Бағдод ҳамзамон бо афзоиши иқдомоти таҳрекомез ва танишофариниҳои Амрико дар минтақа ва ҳамчунин ҷавсозии Вашингтон ва бархе кишварҳои арабӣ дар хусуси афзоиши таҳдидот ва ноамнӣ дар Ироқ сурат мегирад.