Таъкиди Эрон ва Узбакистон бар густариши ҳамкории иқтисодӣ
Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон ва сафири Узбакистон дар Теҳрон бар густариши ҳамкории иқтисодии дуҷониба таъкид карданд.
Ғуломҳусейни Шофеӣ рӯзи якшанбе дар дидори Баҳодур Абдуллоев, сафири Узбакистон дар Теҳрон гуфт: Барои тасҳили тиҷорати дуҷониба як дафтари ҳуқуқӣ ё маркази доварӣ бояд тавасути утоқҳои бозаргонии ду кишвар эҷод шавад, то мушкилоти эҳтимолии пешомада бар сари роҳи мубодилоти тиҷории фаъолони бахши хусусии Эрон ва Узбакистон дар муддатзамони каме рафъ шавад.
Шофеӣ бо таъкид бар ин, ки бахши хусусии Эрон барои оғози як ҳаракати ҷиддӣ ва ҷадид дар тиҷорат бо Узбакистон омода аст афзуд: Зарфиятҳои ҳамкории фаровоне байни Эрон ва Узбакистон вуҷуд дорад, ки бояд аз онҳо истифода кард.