Эрони исломӣ сиёҳпӯши шаҳодати мавлои яктопарастон - ҳазрати Алӣ (а)
(last modified Mon, 27 May 2019 12:13:33 GMT )
Май 27, 2019 17:13 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ сиёҳпӯши шаҳодати мавлои яктопарастон - ҳазрати Алӣ (а)

Эрони исломӣ дар азои шаҳодати мавлои покон ва парҳезкорон - ҳазрати Алӣ (а) саросар ҳузну андӯҳ аст.

Имрӯз дар Эрон, бистуякуми Рамазон - солрӯзи шаҳодати ҷонсӯзи бародар ва писарамӯи расули Худо (с), пешвои адолат ва ҳақталабӣ – имом Алӣ (а) аст ва мардуми муъмин ва худоҷӯи ин кишвар дар сӯги шаҳодати он дурдонаи таърих - сиёҳпӯш ва андӯҳгин, дар ойинҳои мухталифи азодорӣ ширкат кардаанд.

Ошиқони хонадони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар солрӯзи шаҳодати имом Алӣ (а) дар саросари Эрон бо барафрошта кардани парчамҳои азо ва сиёҳпӯш кардани хиёбонҳо, сари дари хонаҳо ва мағозаҳо, ҳусайнияҳо ва масоҷид ба остони хонадони мутаҳҳари рисолат арзи адаб ва иродат кардаанд.

Шаби бистуякуми Рамазон ҳамчунин дувумин шабе будааст, ки бино бар ривоёт эҳтимол дорад шаби Қадр бошад.

Дар ин шаби бузург, ки ҳамзамон бо шаби шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) буд, миллионҳо зоир ва муҷовири боргоҳи малакутии ҳазрати имом Ризо (а) –набераи гаронқадри расули Худо (с) дар шаҳри Машҳад (шимоли шарқи Эрон) бо шабзинда‎дорӣ, қироати Қуръон, ниёиш ва хондани дуо бо Худои худ розу ниёз кардаанд ва дар азои имоми шаҳиди хеш ашки мотам рехтанд.

Ба ҳамин муносибат, маросими бошукӯҳе бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб ва қишрҳои мухталифи мардум дар ҳусайнияи имом Хумайнии Теҳрон баргузор шуд.