Май 27, 2019 17:55 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти байналмилалии куштии фарангии Қазоқистон

Тими мунтахаби куштии фарангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ноибқаҳрамони мусобиқоти байналмилалии куштии фарангии Қазоқистон шуд.

Ба гузориши ИРНА, тими мунтахаби куштии фарангии Эрон бо касби як медали тило, як медали нуқра ва се медали бронз, ба унвони ноибқаҳрамонии рақобатҳои байналмилалии куштии фарангии Ҷоми Болат Турлихонов (мураббии собиқи тими Қазоқистон) даст ёфт.

Дар ин мусобиқоти тими куштии фарангии Русия низ қаҳрамон шуд ва тими куштии фарангии Қазоқистон дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.

Мусобиқоти байналмилалии куштии фарангии Ҷоми Болат Турлихонов шанбе ва якшанбе бо ҳузури 181 куштигир аз кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Украина, Қирғизистон, Гурҷистон, Русия, Булғория, Молдова ва Муғулистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.