Фарҷоми БарҶом. Эътимоди дирӯз, аҳдшикании имрӯз
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44083-Фарҷоми_БарҶом._Эътимоди_дирӯз_аҳдшикании_имрӯз
Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳаштуми майи соли 2018 (18 урдибиҳиштмоҳи соли 1397 ) фармони хуруҷи Амрико аз БарҶомро содир кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 28, 2019 15:38 Asia/Dushanbe
  • Фарҷоми БарҶом. Эътимоди дирӯз, аҳдшикании имрӯз

Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳаштуми майи соли 2018 (18 урдибиҳиштмоҳи соли 1397 ) фармони хуруҷи Амрико аз БарҶомро содир кард.

Амрико бо хуруҷ аз БарҶом ба тавофуқе пушт кард, ки ҳосили таомули Эрон бо панҷ кишвари узви доими Шӯрои Амният ба иловаи Олмон буд. Эрон аммо то кунун ба БарҶом пойбанд мондааст. Дар ҳоле ки як соли бадаҳдӣ ва хуруҷи Амрико аз БарҶом ва имрӯз ва фардо кардани Иттиҳоди Аврупо танҳо натиҷае аст, ки аз БарҶом барои Эрон ҳосил шудааст.

Аз нигоҳи Свер Лодгард, коршинос ва устоди улуми сиёсӣ дар Норвегия, мавзеъгириҳои Трамп бо сиёсикорӣ ва баҳонаҷӯӣ анҷом мегирад. Чун Эрон комилан ба тавофуқ пойбанд буда ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ ин нуктаро бе ҳеч ибҳоме баён кардааст.

Акнун оё бояд бипазирем, ки ҷаҳони имрӯз бо ҷаҳони чаҳор соли қабл, яъне замоне ки БарҶом ба имзо расид тағйир кардааст? Ё ин ки чун Трамп ҳама чизро бо вожаи «бояд» - ҳо пайванд задааст, бояд таслими боҷхоҳии Амрико шуд?

Инҳо суолоте аст, ки нухбагони ҷаҳон ва андешакадаҳои мутолеотӣ бояд ба онҳо посух диҳанд.

Андешакадаи мутолеотии «Лоблог Институт» дар таҳлиле дар ин замина, зимни ҳушдор ба Иттиҳоди Аврупо дар бораи авоқиби фурӯпошии БарҶом менависад: Аврупо дар пайи ҳусули ин тавофуқ талош кард то ҷойгоҳи худро ба унвони як бозигари ҷаҳонӣ беш аз пеш тақвият кунад. Аммо дар сурати таслим шудан дар баробари Амрико, истиқлоли худро аз даст хоҳад дод.

Аврупо барои ҳифзи манофеъ ва беш аз он дар дифоъ аз эътибор ва ҳайсияти худ ба иқдомоте фаротар аз ҳимояти лафзӣ аз БарҶом ниёз дорад.

Беэътимодии Эрон ба Амрико сирфан як шиор нест, балки мубтанӣ бар таҷрибаи гузашта, рафтори кунунӣ ва доштани таҳлиле воқеъбинона аз аҳдофи султаҷӯёнаи Амрико аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ як сол қабл дар баёноте ба муносибати ҳафтаи гиромидошти мақоми муаллим, дар вокуниш ба хуруҷи Амрико аз БарҶом изҳор доштанд: «...Он рӯз мегуфтем, масъалаи Амрико бо Эрон марбут ба энержии ҳастаӣ нест ва инҳо баҳона аст. Мегуфтанд на, ин тавр нест. Ҳоло дидед, ки инҷурӣ нест. Мо БарҶомро пазируфтем, аммо душманиҳо бо ҷумҳурии исломӣ тамом нашуд. Ҳоло масъалаи ҳузури мо дар минтақа ва масъалаи мушакҳоро матраҳ мекунанд. Агар инҳоро ҳам қабул кунем, масъала тамом нахоҳад шуд, масъалаи дигареро шуруъ мекунанд. Иллати мухолифати Амрико бо низоми ҷумҳурии исломӣ ин аст, ки Амрико ба таври комил султа дошт ва инқилоб дасти онҳоро кӯтоҳ кард».

Амрико барои ҳифзи манофеи зиёдахоҳонаи худ ва султа бар минтақа, аз тамоми абзорҳо ва равишҳое назири ҷанг, кудато, таҳрим, тахриб, террор, таҳдид ва муттаҳам кардани дигарон дар ҷиҳати дастёбӣ ба аҳдофи палиди худ истифода карда ва акунун ҳам дар садади иҷрои сенарияҳои тоза аст. Аммо миллати Эрон иззат ва иқтидори худро бо касе муомила намекунад. Эрон на гови ширдеҳи Амрико ва на абзори Амрико барои расидан ба аҳдофаш аст.

Ҷем Валш, коршиноси амрикоӣ мегӯяд: «...Моҷаро сода аст, дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ҷомеаи иттилоотии Амрико солҳо иддаоҳоеро матраҳ кард, аммо ҳаргиз як мадраку санаде ироа надод, ки исбот кунад Эрон барномаи таслиҳоти махфӣ доштааст. Аммо замоне, ки тавофуқнома (БарҶом) ба даст омад, расонаҳо ҳаргиз ба ин ҷанба аз иддаоҳо напардохтанд ва нагуфтанд, ки ҳамаи ин иддаоҳо ҷаълӣ буданд».

Амрико медонад, ки иддаоҳояш дар бораи Эрон ва ноқис будани БарҶом фақат як баҳона барои боҷхоҳӣ аст.

Давраи сабр ва интизори Эрон барои ҳифзи БарҶом аммо ҳамешагӣ нест. Мӯҳлати 60 рӯзаи Эрон ба дигар тарафҳои БарҶом метавонад ҳушдоре барои таъйини сарнавишти БарҶом бошад. Ҷумҳурии Исломии Эрон бино надорад оянда ва манофеи худро бо ваъдаҳои хаёлӣ гиреҳ бизанад.

 

http://گزارش ویژه:فرصت جدید ایران به غرب برای اجرای برجام

http://عراقچی: ایران به اندازه کافی در برجام خویشتنداری کرده است