Даъвати олимони аҳли суннати Эрон ба ширкат дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс
337 тан аз олимон ва андешмандони аҳли суннати Эрон дар баёнияе эълом карданд, уммати исломӣ ва озодагони ҷаҳон дар шароите ба истиқболи рӯзи ҷаҳонии Қудс мераванд, ки чанголи душманони ғосиби саҳюнистӣ ҳамчунон ба хуни мазлумони бедифоъ оғиштааст.
Ба гузориши дабирхонаи Шурои барномарезии мактабҳои улуми динии аҳли суннат, олимон ва андешмандони аҳли суннат дар Эрон бо маҳкум кардани ҷиноятҳои ишғолгарон ва низ тарҳи хоинонаи мавсум ба Муомилаи қарн таъкид карданд, акнун ки гуфтмони бедории исломӣ чолишҳои муҳимме фароруи ҷаҳони сармоясолор ва моддигаро қарор дода душманони қасамхурдаи ислом ва мусалмонон ба бадалсозии исломи асил рӯй оварда ва бо пуштибонӣ аз хиёнаткорон ба ислом панҷа дар чеҳраи асили исломӣ афканда ва бо рафтори нобихирадона ва мутаҳаҷҷирона фазои ҷомеаҳои исломиро ғуборолӯд кардааст.
Олимон ва андешмандони аҳли суннати Эрон дар ин баёния аз миллатҳои озода даъват карданд барои эъломи ҳамбастагӣ бо мазлумони фаластинӣ ва дифоъ аз Қудси шариф дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс ширкат кунанд.
Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.