Баъидинажод; қудрати мушакии Эрон таҳдидҳои душманонро хунсо кардааст
(last modified Fri, 31 May 2019 14:55:22 GMT )
Май 31, 2019 19:55 Asia/Dushanbe
  • Баъидинажод; қудрати мушакии Эрон таҳдидҳои душманонро хунсо кардааст

Сафири Эрон дар Англия,гуфт; нигаронии Амрико,режими Исроил ва муттаҳидони минтақаии онҳо аз барномаи мушакии Эрон ба иллати бумӣ шудан,танавуъ, пешрафта будан ва қудрати боздорандагии Эрон аст.

Ҳамид Баъидинажод рӯзи ҷумъа дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер бо баёни ин,ки барномаи мушакии Эрон танҳо барномаи мушакии болестик дар минтақа нест, афзуд; иттилооти барномаҳои мушакии кишварҳои минтақа нишон медиҳад, Арабистон, режими Исроил, Миср ва ҳатто Иморот барномаҳои мушакии бисёр васеъеро бо ҳамкории дигар кишварҳо тароҳӣ карда ва мушакҳои бо бурдҳои бисёр болоеро тавлид мекунанд.

Сафири Эрон дар Англия афзудааст; Арабистон илова бар мушакҳои кӯтоҳбурди то 1000 километр, захоире аз анвоъи мушакҳои болестики миёнбурд низ дар ихтиёр дорад.

Баъидинажод ҳамчунин навиштааст; режими Исроил ба далели барномаи ҳастаии низомии худ ҳамзамон барномаи мушакии васеъ ва силоҳҳои мутаъорифе тароҳӣ ва ба иҷро даровардааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо таъкид кардааст, тавони дифоъӣ  мушакӣ ва таҷҳизоти дифоъии Эрон бумӣ ва омили боздорандагӣ дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолии душманон аст.

Мавзуъи барномаи мушакии Эрон, хатти таблиғии муштараке аст,ки бо ҳидояти Амрико,бархе кишварҳои Аврупоӣ аз ҷумла Британия ва Франсия ба ҳамроҳи режими Саудӣ пайгири мешавад,то бо чошнии Эронҳаросӣ бар муъодилоти минтақаӣ таъсир гузошта шавад.