Май 31, 2019 20:20 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ; Муъомилаи қарн тавтиае барои нобудии ормони Фаластин аст

Раиси ҷумҳурии Эрон,таъкид кард; Муъомилаи қарн тавтиае барои нобудии ормони Фаластин тавсиъаи ишғолгарии саҳюнистҳо ва таҷовуз ба ҳамаи кишварҳи исломӣ аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз ҷумъа дар паёме ба сарони кишварҳои исломии ширкаткунанда дар нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Маккаи муккарама, сарони кишварҳои исломиро ба талош барои боқи мондани Қудс ба унвони қиблаи аввали мусалмонон фарохонд ва тасриҳ кард; раҳбарони кишварҳои исломӣ аз ин фурсат барои муқобила бо тавтиаи хатарноки Муъомилаи қарн ва дифоъ аз Фаластин  истифода кунанд.

Раиси ҷумҳурии Эрон афзуд; кишварҳои исломӣ набояд иҷоза диҳанд мавзуъи ишғоли қиблаи аввали мусалмонон тавассути режими Саҳюнистӣ ба ҳошия биравад ва ё ҳокимияти саҳюнистҳо бар Қудси шариф тасбит шавад.

Рӯҳонӣ, иқдоми давлати Амрико дар эъломи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими Саҳюнистӣ ва ба расмият шинохтани илҳоқи баландиҳои Ҷувлони Сурия ба сарзаминҳои ишғолиро аз ҷумлаи душманиҳои ошкори Амрико алайҳи ҷаҳони ислом баршумурд ва хотирнишон кард; ин иқдом оғозгари як раванди хатарнок алайҳи ҷаҳони ислом аст,ки мутаасифона бо вокуниши муносиби давлатҳои исломӣ мувоҷаҳ нашавад.

Раиси ҷумҳурии Эрон таъкид кард; тароҳони тавтиаи шуми Муъомилаи қарн талош мекунанд бо аз байн бурдани ҳаққӣ мусалами мардуми Фаластин,ормони Фаластинро барои ҳамеша нобуд ва заминаро барои истилои Саҳюнистҳо бар ҷаҳони ислом ва Араб фароҳам кунанд.

Рӯҳонӣ кишварҳои исломиро ба канор гузоштани ихтилофҳои дарунӣ фаро хонд ва гуфт; ҳар ҳаракате,ки ҷаҳони исломро аз авлавияти аслии он яъне Фаластин мунҳариф кунад, дар масири хидмат ба режими Саҳюнистӣ ва дигар душманони ҷаҳони ислом қарор гирифтааст.

Вай ҳамчунин омодагии Ҷумҳурии исломии Эронро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳони ислом дар масири таҳақуқи ҳадафи муқаддаси дифоъи ҳамаҷониба аз Масҷидалақсо ва Қудси шариф эълом кард.

Барчасп