Июн 01, 2019 10:27 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби роҳпаймоии густардаи рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Эрон дар расонаҳои Шарқи Осиё

Роҳпаймоии густардаи мардуми Эрон дар рӯзи ҷаҳонии Қудс,бозтоби густардае дар расонаҳои Шарқи Осиё аз ҷумла Чин, Кураи ҷанубӣ ва Ҷопон дошт.

Ба гузориши ИРНА, расонаҳои Чин, Кураи ҷанубӣ ва Ҷопон дар гузоришҳои худ дар бораи баргузории рӯзи ҷаҳонии Қудс эълом карданд, мардуми Эрон дар саро сари ин кишвар аз ҷумла дар шаҳри Теҳрон бо дар даст доштани порчанавиштаҳо ва плокотҳое, шиъорҳое дар ҳимоят аз Фаластин сар доданд.

Телевезиюнҳои ин се кишвари Шарқи Осиё зимни интишори тасовире аз роҳпаймоӣ дар шаҳри Теҳрон ва бархе аз нуқоти дигари Эрон овардаанд,миллати Эрон дар ин роҳпаймоӣ, шиъорҳое зидди истикбори Амрико ва режими Саҳюнистӣ сар доданд ва бори дигар бар ҳамбастагӣ бо Фаластин ва адолатхоҳии миллати он таъкид карданд.

Хабаргузории Синҳуаи   Чин дар гузорише эълом кард, дар ин роҳпаймоии густарда мардуми Эрон зимни маҳкум кардани ҷиноятҳои режими Саҳюнистии тарҳи амрикоии Муъомилаи қарн ро зидди миллати Фаластин ва ба нафъи ин режим донистанд.

Бар асоси ин гузориш, роҳпаймоёни эронӣ хуруҷи режими Саҳюнистӣ аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин ро хостор шуданд.

Роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс, дирӯз ҷумъа (31 моҳи май и 2019 ) дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Эрон баргузор шуд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон ба ибтикори ҳазрати имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Барчасп