Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44170-Дидори_вазирони_хориҷаи_Эрон_ва_Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон имрӯз ( шанбе) дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 01, 2019 13:42 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон имрӯз ( шанбе) дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба нақл аз ИРНА Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор дар бораи робитаҳои дуҷониба ва таҳавулоти байналмиллалӣ табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ,ки рӯзи ҷумъа вориди Теҳрон шуд,бо Ризо Ардагониён вазири нерӯи Эрон низ гуфтугӯ кард.

Робитаҳои Теҳрон- Душанбе аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бо барасмият шинохтани истиқлоли ин кишвар аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шудааст.