Волейболи Эрон аждаҳои чиниро шикор кард
(last modified Sat, 01 Jun 2019 15:10:50 GMT )
Июн 01, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Волейболи Эрон аждаҳои чиниро шикор кард

Тими миллии волейболи Эрон дар дувумин мусобиқаи худ дар лиги ҷаҳонии волейбол, Чинро дар хонааш шикаст дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии волейболи Эрон аз соати 16: 30 дақиқаи имрӯз ба вақти Теҳрон дар дувумин мусобиқаи худ дар лиги волейболи миллатҳои ҷаҳон, ки дар Чин баргузор шуд, ба масофи тими миллии волейболи ин кишвар рафт ва ба пирӯзии се бар сифр даст ёфт.

Рӯзи ҷумъа низ тими миллии волейболи Эрон бар италияиҳо ғалаба кард ва ин дувумин пирӯзии паёпайи се имтиёзии Эрон дар ин мусобиқот аст.

Бо ин пирӯзӣ, Эрон 6 имтиёзи комил аз 2 мусобиқаи худро касб кард ва то пеш аз баргузории дигар мусобиқоти рӯзи дувум, дар радаи нахусти лиги миллатҳо қарор гирифт.

 Эрон фардо соати 12: 30 дақиқаи зуҳр ба вақти Теҳрон бо Олмон мусобиқа дорад.