Июн 02, 2019 12:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳаштуми июн, охирин муҳлати иҷрои тарҳи омоиши шаҳрвандони хориҷӣ дар Эрон

Идораи кулли умури шаҳрвандон ва муҳоҷирони хориҷии вобаста ба Вазорати кишвари Эрон эълом кард, шаҳрвандони хориҷии муқими ин кишвар ҳадди аксар то ҳаштуми июн фурсат доранд дар тарҳи омоиши 14 ширкат кунанд.

Ин тарҳ ҳамакнун дар ҳоли баргузорӣ аст ва бар асоси он сарпарастони хонаворҳои хориҷии муқими Эрон бояд барои дарёфти навбат ва ширкат дар тарҳ ба дафтарҳои хадамоти иқомат ва иштиғоли шаҳрвандони хориҷии вилояти маҳалли сукунати худ муроҷиа кунанд.

Ин тарҳ шомили дорандагони корти ҳувияти 12 ва омоиши 13, дорандагони барги тараддуди муътабари ислоҳот ва тағйирот, ҳамсар ва фарзандони бонувони эронӣ саршуморӣ шуда, ки барои онҳо барги тараддуд содир шудааст, мешавад.

Ҳамчунин дорандагони корти омоиши 12 ва ҳувияти 11 ва дорандагони корти омоиши 11 ва ҳувияти 10, ки муваффақ ба ширкат дар тарҳҳои омоиш нашудаанд лозим аст барои баррасии имкони ширкат дар тарҳи омоиши 14 ба Идораи кулли атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии маҳалли сукунат муроҷиъа кунанд.

Мадорики мавриди ниёз барои ширкаткунандагон дар ин тарҳ шомили корти омоиши 13, ҳувияти 12 ва баргаҳои ислоҳот ва тағйирот аст.

Дигар мадорики мавриди ниёзи ширкат дар тарҳ ва ташреҳи мароҳили идорӣ, дар замони навбатдиҳӣ ба сарпарасти хонавор иблоғ хоҳад шуд.