Рӯҳонӣ; барҳамзанандаи мизи музокира бояд ба шароити оддӣ баргардад
Раиси ҷумҳурии исломии Эрон якшанбе шаб дар вокуниш ба иддаъоӣ, Майк Помпео Вазири хориҷаи Амрико бинобар омодагии бидуни пеш шарти Вашингтон барои музокира бо Эрон гуфт; тарфе,ки мизи музокира ро барҳам зада ва паймонеро зери по гузоштааст бояд ба шароити оддӣ баргардад.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ Ҳасани Рӯҳонӣ дар дидори ҷамъе аз асотид ва пизишкони Эрон афзуд; Эрон то замоне,ки Амрико мутаваҷеҳ нашавад роҳе,ки интихоб карда иштибоҳ ва носаҳеҳ аст, ҳарфе бо Вашингтон надорад.
Вазири хориҷаи Амрико,ки пештар 12 шарт барои гуфтугӯ бо Эрон таъийн карда буд,рӯзи якшанбе дар Суис бо ақибнишинӣ аз ин шартҳо муддаъӣ шуд Амрико омода аст бидуни ҳеҷ пеш шарте бо Эрон вориди музокира шавад. Албатта вай бар лузуми тадовуми сиёсати фишори ҳадди аксари бар Эрон таъкд кард.
Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ҳам ҳафтаи гузашта дар сафар ба Ҷопон дар як жести авомфиребона эълом кард, Агар эрониҳо моил ба гуфтугӯ бошанд, мо низ тамоюул дорем гуфтугӯ кунем.
Трамп ва мақомоти аршади давлати Ӯ дар ҳоле мудовим дам аз музокира бо Эрон мезананд,ки Вашингтон 8 май 2018 ба сурати ғайри қонунӣ аз тавофуқи байналмиллалии Барҷом хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ ро эълом кард.
Ин иқдоми давлати Амрико бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ мувоҷаҳ шуд.
Вашингтон эълом кардааст ҳадаф аз таҳрим ва корзори фишори ҳадди аксарӣ алайҳи Эрон расидан ба тавофуқи нав бо Теҳрон аст,ки дар он ба ҳамаи масоили мавриди назари Амрико пардохта шавад.
Раҳбари муъаззами Инқилоби исломӣ чоршанбеӣ гузашта дар дидори ҳазорон нафар аз устодон ва аъзои ҳайатҳои илмии донишгоҳҳои Эрон, музокира ро тактики Амрико барои такмили роҳбурди фишор алайҳи Эрон тавсиф карданд.
Ҳазрати Ояттулоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин,ки Ҷумҳурии исломии Эрон мутлақан бо Амрико музокира нахоҳад кард, гуфт; ҳамон тавре,ки қаблан ҳам гуфта шуда, музокира накрдан бо Амрико ба ин иллат аст,ки аввалан ҳеҷ фоидае надорад ва дуввуман зарар ҳам дорад.