Раҳбари инқилоб: Кишварҳои исломӣ дар муқобили ҳузури ҷинояткоронаи душмани ғосиб дар Фаластин сафороӣ кунанд
(last modified Wed, 05 Jun 2019 14:21:31 GMT )
Июн 05, 2019 19:21 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Кишварҳои исломӣ дар муқобили ҳузури ҷинояткоронаи душмани ғосиб дар Фаластин сафороӣ кунанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд: “Кишварҳои исломӣ ба ҷойи он ки дар муқобили якдигар қарор гиранд, бояд дар муқобили ҳузури ҷинояткоронаи душмани ғосиб дар Фаластин сафороӣ кунанд”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҷамъе аз масъулони низом, сафирони кишварҳои исломӣ ва қишрҳои мухталифи мардум, бо табрики иди саиди Фитр, масъалаи Фаластинро масъалаи аввали дунёи Ислом хонданд ва аз бархе кишварҳои исломӣ, ки дар ҷиҳати аҳдофи Амрико ва режими саҳюнистӣ талош мекунанд, интиқод карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор доштанд: Дидгоҳи ҷумҳурии исломӣ бар хилофи бархе раҳбарони қадимии араб, ки муътақид буданд, бояд яҳудиҳоро дар дарё рехт, ингуна нест, балки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамон ибтидо бар дифоъ аз миллати Фаластин таъкид кард ва дар муқобили дунёи истикбор истод ва ба ин истодагӣ идома хоҳад дод.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ёдоварии пешниҳоди ҷумҳурии исломӣ барои назархоҳӣ аз сокинони мусалмон, масеҳӣ ва яҳудии Фаластин ва ҳамчунин аз оворагони фаластинӣ дар бораи чорчӯби низоми ҳукуматии ин кишвар таъкид карданд: Муборизаи миллати Фаластин бояд то он рӯз дар абъоди низомӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ идома пайдо кунад. То замоне, ки ғосибон таслими раъйи ин миллат шаванд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ зимни тавсия ба бархе кишварҳои исломӣ, ки ба дунболи созиш бо режими саҳюнистӣ ва ихтилофафканӣ ҳастанд, барои тавба аз масири нодурусте, ки дар пеш гирифтаанд, таъкид карданд: Чаро бояд дар кишвари исломие ҳамчун Либия ду гурӯҳ дар муқобили ҳам қарор гиранд ва хуни якдигарро бирезанд ва чаро бояд як кишвари муддаии Ислом мардуми Яман ва зерсохтҳои ин кишварро бомбаборон ва бар асоси хосту назари душманон амал кунад?

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки паёми иди Фитр иттиҳод ва ҳамбстагии кишварҳои исломӣ ва бозгашт ба мазмуни “уммати мусалмон” аст, гуфтанд: Илоҷи мушкилоти имрӯзи дунёи Ислом бозгашт ба хостаи Қуръони карим аст ва равшанфикрону уламои исломӣ барои таҳаққуқи ин хоста вазифаи дубаробар доранд.

 

Барчасп