Июн 06, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти амрикоӣ: Танишҳо бо Эрон рӯ ба коҳиш аст

Чандин мақоми амрикоӣ ба “СНН” гуфтаанд, танишҳо байни кишварашон ва Эрон рӯ ба коҳиш аст.

Ба гузориши “СНН”, чандин мақоми амрикоӣ изҳор доштаанд, ки танишҳо байни Амрико ва Эрон дар Ховари Миёна рӯ ба коҳиш аст.

Танҳо як моҳ пас аз он ки Амрико ба баҳонаи эҳтимоли ҳамлаи Эрон ба нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна иқдом ба тақвияти ҳузури низомии худ дар минтақа кард, чандин мақоми амрикоӣ аз коҳиши танишҳо байни кишварашон ва Эрон сухан гуфтаанд.

Як мақоми низомии Амрико, ки мустақиман дар ҷараёни охирин таҳаввулоти марбута қарор дорад, ба “СНН” гуфтааст: “Баназар мерасад, ки танишҳо то ҳадде коҳиш ёфтаанд, вале мо ҳамчунон ба диққат ҳамачизро зери назар дорем. Мо ором нанишастаем ва камокон ҳушёрем”.

Чандини мақоми амрикоӣ ба “СНН” гуфтаанд, ки ҳатто паёмҳои аввалияе аз тариқи тарафҳои солис ба Эрон ирсол шуда, аммо бар асоси иттилооти расида ба Пентагон, Эрон ин паёмҳоро ҷиддӣ нагирифтааст.

Раисиҷумҳури Амрико, ки умед дошт бо хурӯҷ аз БАРҶОМ ва бозгардондани таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон, хостаҳои худро ба Эрон таҳмил кунад ва ба заъми худ пирӯзии сиёсии бузурге ба даст биоварад, пас аз онки мутаваҷҷеҳ шуд наметавонад бо ҳарбаи таҳримҳо ба ҳадафи худ бирасад, роҳи дигареро дар пеш гирифта ва ба таҳдидҳои холии низомӣ рӯй овардааст, роҳкоре, ки то ба имрӯз натиҷае барои Трамп ва аъзои тундрави кобинааш ба ҳамроҳ надоштааст.

Дар шароите, ки ҳамаи шавоҳид ва қароин нишон медиҳанд, ки Амрико асосан тавоне барои роҳандозии ҷанги дигарро надорад, давлати Трамп дар ибтидо аз таҳдид ба тақобули низомӣ бо Эрон дам зад ва вақте нишонае аз ақибнишинӣ мушоҳида накард ба таманнои музокира рӯй овард ва ҳатто шумораи телефонеро дар ихтиёр сафорати Швейтсария дар Теҳрон (ҳофизи манофеи Амрико дар Эрон) қарор дод, то дар сурати лузум ба мақомоти Эрон таҳвил дода шавад.

Бо ин ҳол, Эрон борҳо таъкид кардааст, ки тан ба музокира бо давлати зӯргӯ ва аҳдшикани Амрико нахоҳад дод ва Амрико ҳаргиз нахоҳад тавонист, Эронро бо таҳрим ва таҳдид ба пойи мизи музокира бикашонад.

 

Барчасп