Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Муқовимат беҳтарин роҳи муқобила бо душманон аст
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тавтиаҳои душманон алайҳи Эрони исломӣ муқовиматро беҳтарин роҳи муқобила бо мустакбирон унвон кард.
Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо баёни ин, ки имрӯз душман бо сатҳи васеътаре мушкилотеро ба Эрон таҳмил кардааст, гуфт: Эрон монанди чил соли гузашта аз ин марҳила ҳам бо муваффақият убур хоҳад кард ва душманон боз ҳам ноком хоҳанд монд.
Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин баргузории роҳпаймоии рӯзи Қудс дар Эрон ва соири кишварҳоро бошукӯҳ тавсиф ва аз ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон, ки дар ин роҳпаймоӣ ҳузур дроштанд, қадрдонӣ кард.
Роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯзи ҷумъа 31 майи 2019 баробар бо 25 моҳи мубораки Рамазони соли 1440 ҳиҷрии-қамарӣ, ҳамзамон бо Фаластин ва Эрон, дар дигар кишварҳои ҷаҳон баргузор шуд.