Июн 09, 2019 16:38 Asia/Dushanbe
  • Содироти 30 миллион доллар таҷҳизоти пизишкӣ аз Эрон

Мудири кулли таҷҳизоти пизишкии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: 30 миллион доллар таҷҳизоти пизишкии тавлиди Эрон дар соли гузашта ба кишварҳои мухталиф содир шудааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Ҳусейни Сафавӣ, мудири кулли таҷҳизоти пизишкии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими кушоиши бистудуввумин намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти пизишкӣ, дандонпизишкӣ ва доруӣ дар Теҳрон афзуд: Дар ҳоли ҳозир бархе маҳсулоти таҷҳизоти пизишкӣ ба унвони технологияи бартари дунё дар Эрон тавлид мешавад ва Эрон ҷузви маҳдуд кишварҳои тавлидкунандаи бархе таҷҳизоти пизишкӣ аст.

Сафавӣ тасреҳ кард: Ҳамакнун беш аз 20 воҳиди тавлидии таҷҳизоти пизишкӣ дар Эрон вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳо стандарти Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд.