Пирӯзии муқтадиронаи Эрон дар Лигаи миллатҳои волейбол 2019
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44353-Пирӯзии_муқтадиронаи_Эрон_дар_Лигаи_миллатҳои_волейбол_2019
Тими миллии волейболи Эрон дар идомаи бозиҳои Лигаи миллатҳо бо натиҷаи 3 бар 0 Ҷопонро шикаст дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 09, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии муқтадиронаи Эрон дар Лигаи миллатҳои волейбол 2019

Тими миллии волейболи Эрон дар идомаи бозиҳои Лигаи миллатҳо бо натиҷаи 3 бар 0 Ҷопонро шикаст дод.

Тимҳои миллии Эрон ва Ҷопон рӯзи якшанбе дар охирин мусобиқаи худ аз ҳафтаи дуввуми рақобатҳои Лигаи миллатҳои волейбол дар Токио муқобили ҳам қарор гирифтанд.

Волейболбозони эронӣ муваффақ шуданд дар се даст ва бо натиҷаи 25 бар 22, 25 бар 21 ва 25 бар 19 Ҷопон, мизбонро шикаст диҳанд.