Баррасии шикояти марбут ба тавқифи амвол ва дороиҳои Эрон дар Лоҳа
(last modified Thu, 13 Jun 2019 04:44:16 GMT )
Июн 13, 2019 09:44 Asia/Dushanbe
  • Баррасии шикояти марбут ба тавқифи амвол ва дороиҳои Эрон дар Лоҳа

Узви ҳайъати раисаи Маҷлиси Шурои исломии Эрон аз баррасии шикояти Эрон аз Амрико бо мавзӯи тавқифи амвол ва дороиҳо ва вазъи маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ алайҳи Бонки марказии Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод.

Аҳмади Амирободии Фароҳонӣ узви ҳайъати раисаи Маҷлиси Шурои исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт, даъвоҳои Эрон алайҳи Амрико барои тавқифи ду миллиард доллар аз амвол ва дороиҳои Бонки марказии Ҷумҳурии исломии Эрон дар додгоҳи Лоҳа матраҳ шуд, ки бар асоси он рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) вакилони амрикоӣ ба дифоъ пардохтанд.

Узви ҳайъати раисаи Маҷлиси Эрон бо баёни инки вакилони эронӣ имрӯз аз тарҳи шикояти худ дифоъ мекунанд афзуд, доварон имрӯз барои судури раъй вориди машварат мешаванд ва се довари эронӣ ва се довари тарафи муқобил муташаккил аз ду амрикоӣ ва як англисӣ ва ду довари нозири олмонӣ ва раиси швейтсарияӣ доварӣ хоҳанд кард.

Эрон дар шикояти худ аз Амрико, ки 14 июни 2016 назди Девони байналмиллалии додгустарӣ ба сабт расид, Амрикоро ба нақзи аҳдномаи Маваддат соли 1995 байни ду кишвар муттаҳам кард, аммо Амрико ба баррасии ин шикоят ва салоҳияти девон, эрод ворид кард.

Пештар Девони байналмиллалии додгустарӣ севвуми октиябри 2018 бо эъломи ин ки салоҳияти расидагӣ ба шикояти Эрон аз Амрикоро дорад, ба бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи аҳдофи башардӯстона дар Эрон шомили таҳримҳои доруӣ, ғизоӣ ва ҳавоии Амрико раъй дод.