Июн 14, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Интиқод аз якҷонибагароии Амрико, мавзӯи аслии суханронии Рӯҳонӣ ва Путин дар Бишкек

Раисҷумҳурҳои Эрону Русия дар суханрониҳои худ дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкек аз рӯйкарди якҷонбагаро ва таҳоҷумии Амрико интиқод карда, онро таҳдиде барои суботи ҷаҳон донистанд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи ҷумъа дар нуздаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон гуфт, Амрико бо истифодаи абзорӣ аз зарфияти иқтисодӣ, молӣ ва низомӣ ва бо дар пеш гирифтани рӯйкарди таҳоҷумӣ ба таҳдиди ҷиддӣ барои суботи минтақа ва ҷаҳон табдил шудааст. Вай афзуд, ифротгароӣ, якҷонибагароӣ ва мудохилаи кишварҳои фароминтақаӣ дар умури дохилии дигар кишварҳо ҷомеаи байналмилалиро дар вазъияти хатарноке қарор додааст, ки метавонад субот, амният ва манофеи ҳама кишварҳои ҷаҳонро таҳдид кунад.

Рӯҳонӣ бо ёдоварии муборизаи Эрон бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия гуфт, Эрон дар Ироқу Сурия барои сулҳ ҷангид, дар Афғонистон барои набард бо ифротгароӣ дар таомул бо Созмони Милали Муттаҳид нақши созандае ифо кард ва акнун дар Яман барои барқарории сулҳ аз ҳеҷ талоше фурӯгузор накардааст. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин БарҶОМ-ро дастоварди муҳими дипломатии чандҷониба хонда, таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба 15 гузориши Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мабнӣ бар пойбандии Эрон ба БарҶОМ ва хурӯҷи якҷонбаи Амрико аз ин тавофуқ Эрон дар чорчӯби БарҶОМ аз аъзои боқимонда дар ин тавофуқ мехоҳад ҳарчи сареътар ба тааҳҳудоти худ дар баҳраманд кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон аз манофеи иқтисодии БарҶОМ амал кунанд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар суханронии худ дар иҷлоси Созмони Ҳамкори Шанхай дар Бишкек бори дигар дар бораи паёмадҳои хурӯҷи Амрико аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ҳушдор дод. Раисҷумҳури Русия гуфт, хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ на фақат авзои минтақаро бесубот карда, балки низоми манъи интишори силоҳи ҳастаиро низ мухтал кардааст. Вай афзуд, Русия ба унвони раиси давраии Созмони Ҳамкории Шанхай талош хоҳад кард, ки ҳама кишварҳои узви БарҶОМ ба тааҳҳудоти худ дар чорчӯби ин тавофуқи байналмилалӣ амал кунанд ва ин рӯйкардро танҳо роҳи дуруст ва мантиқӣ медонад.

Путин дар бахши дигаре аз суханони худ бар лузуми афзоиши мушорикат дар паҳнои минтақаи Авруосиё бар мабнои Иттиҳоди Иқтисодии Аруосиё ва тарҳи “Як камарбанд, як ҷода” таъкид карда гуфт, ин мушорикат бояд бидуни худхоҳиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ идома ёбад. Путин ҳамчунин аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай хост, талоши худро барои ҷилавгирӣ аз дастрасии террористҳо дар Сурия ба таслиҳоти кимиёӣ ва микробӣ ба кор гиранд.

Нуздаҳумин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо ҳузури сарони 11 кишвар, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд, Покистон ва Эрон рӯзи ҷумъа дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон оғоз шуд.

 

Барчасп