Июн 16, 2019 13:16 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори Камиссиони муштараки иқтисодии Эрон ва Русия дар Теҳрон

Понздаҳумин иҷлоси Камиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Русия ва дуввумин ҳамоиши тиҷории Эрон ва минтақаи Қафқози шимолӣ ба муддати се рӯз бо ҳузури мақомот ва фаолони бахши хусусӣ ва давлатии ду кишвар дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳон дар маркази Эрон оғоз ба кор кард.

Маросими ифтитоҳияи дуввумин ҳамоиши тиҷорӣ ва таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии Эрон ва Қафқози шимолӣ имрӯз якшанбе бо ҳузури Сергей Чеботарев вазири Қафқози шимолии Русия ва Ризо Ардакониён вазири неруи Эрон ва муовинони вазирони нафту роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар Исфаҳон баргузор шуд.

Понздаҳумин иҷлоси Камиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Русия ҳам бо ҳузури дабирони камиссион ва аъзои коргуруҳҳо дар Теҳрон оғоз шудааст.

Маросими ихтитомияи понздаҳумин иҷлоси Камиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Русия субҳи рӯзи сешанбе бо ҳузури Александр Нувак вазири энержии Русия ва Ризо Ардакониён вазири неруи Эрон дар Исфаҳон баргузор хоҳад шуд.

Барқарории хатти парвози хадамоти борбарӣ байни фурудгоҳи Жуковскии Маскав бо Исфаҳон, тавлиди муштараки вагонҳои борӣ, тавлиди муштараки турбинҳои камтар аз 20 мегават, тавлиди муштараки худравҳои сангин, содироти гушт аз минтақаи Қафқози шимолӣ ба Эрон аз меҳварҳои иҷлоси Камиссиони муштараки иқтисодии ду кишвар аст.

Миҳдии Саноӣ сафири Эрон дар Маскав рӯзи гузашта равобити Эрон ва Русияро дар шароити фишорҳо, пуё ва пуртаҳаррук хонд ва гуфт, нишасти Камиссиони муштараки иқтисодии Эрон ва Русия ва ҳамоиши ҳамкории Эрон ва Қафқози шимолӣ бо ҳузури ҳайъати тиҷории 200 нафараи Русия дар Эрон баргузор мешавад.

 

Барчасп