Мавзеъгирии дугонаи аврупоиҳо дар қиболи БарҶом
Иттиҳоди Аврупо ва тройкаи аврупоӣ (Олмон, Фаронса ва Британия) ҳамвора аз тавофуқи ҳастаии БарҶоам ҳимоят ва бар иҷрои он таъкид кардаанд. Бо ин ҳол, пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом дар моҳи майи соли 2018 ва таъхири мукаррари аврупоиҳо аз иҷрои ваъдаҳои худ барои ҳифзи ин тавофуқ, ки вокуниши мутақобили Эронро ба бор оварда, акнун Аврупо бо чолиши бузурге барои ҳифзи БарҶоам мувоҷеҳ шудааст.
Аврупо дар мавзеъгириҳои ахири худ рӯйкарде дугонаро дар қиболи БарҶом ва ҳифзи ин тавофуқи муҳими байналмилалӣ рӯйи даст гирифтааст. Аз як сӯ мақомоти аврупоӣ бар тааҳҳуди Эрон ба ин тавофуқ таъкид кардаанд ва аз сӯи дигар, Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбеи 17 –уми июн бори дигар эълом кард, ки Эрон ба тамоми тааҳҳудоташ дар тавофуқи ҳастаии БарҶоам пойбанд будааст. Могерини эълом кард, арзёбии Иттиҳоди Аврупо дар хусуси пойбандии Эрон ба БарҶом асосёфта бар гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст ва на баёнияҳо.
Бо вуҷуди ифои тааҳҳудоти барҷомӣ аз ҷониби Эрон, аммо Аврупо дар заминаи амалӣ кардани ваъдаҳои худ ба Эрон барои баҳра бурдан аз мазоёии БарҶом ва муқобила бо эъмоли муҷаддади таҳримҳои ҳастаӣ аз сӯи Амрико, иқдоми мушаххасу қобили қабуле анҷом надодааст.
Эрон дар вокуниш ба бетафовутии аврупоиҳо дар амалӣ кардани ваъдаҳояшон 8 майи соли 2019 дар баёнияе аз коҳиши сатҳи тааҳҳудоташ дар чорчӯби БарҶом, ба истинод ба бандҳои 26 ва 36-и ин тавофуқ хабар дод. Теҳрон дар ин баёния ба кишварҳои боқимонда дар БарҶом 60 рӯз фурсат дод, барои иҷрои тааҳҳудоти худ, ба вижа дар ҳавзаҳои бонкиву нафтӣ иқдом кунанд.
Бо тавваҷуҳ ба ин ки беш аз 42 рӯз аз зарбулаҷали Эрон гузаштааст, аммо ҳанӯз иқдоми амалие аз ҷониби Аврупо барои иҷро кардани ваъдаҳои худ, аз ҷумла амалиётӣ шудани созукори вижаи молии Аврупо ва Эрон, мавсқм ба “Инстекс” сурат нагирифтааст. Нуктаи ҷолиб ин ки бархе мақомоти аврупоӣ эътироф кардаанд, ки рӯйкарди Эрон дар ин замина мантиқӣ аст.
Натали Тучи, аз мушовирони аршади Могерини рӯйкарди Эрон дар бораи БарҶомро “мунсифона” тавсиф кардю Тучи дар посух ба ин савол, ки оё таҳдидҳои Эрон дар бораи хуруҷ аз БарҶом охирин ҳушдорҳо ба Иттиҳоди Аврупо барои пойбандӣ ба тааҳҳудоташ аст? гуфт: “Агар худамро ҷои эрониҳо қарор диҳам, яъне агар ман яке аз афроди тасмимгир дар Эрон будам, эҳтимолан ҳамин таҳдидҳоро мекардам, дуруст ҳам ҳаст”.
Рӯйи дигари мавзеъгирии барҷомии аврупоиҳо, ҳушдор ба Теҳрон дар бораи паёмадҳои коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ ва дархости сабурии бештари Эрон дар ин замина аст. Дар ин росто, пас аз он ки Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон рӯзи душанбе эълом кард, ки Теҳрон аз маҳдудияти эҷодшуда дар хусуси тавлид ва захирасозии урани ғанишуда фаротар хоҳад рафт, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Олмон аз Теҳрон хост, ҳамчунон ба муҳтавои тавофуқи ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ пойбанд бошад.
Ҳамчунин сухангӯи Тереза Мэй, нахуствазири мустаъфии Британия дар лаҳне таҳдидомез гуфт: “Агар Эрон тааҳҳудоташ дар чорчӯби тавофуқи ҳастаиро нақз кунад, Британия ҳама гузинаҳои мумкину эҳтимолиро мадди назар қарор хоҳад дод”.
Аз сӯи дигар, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса низ рӯзи душанбе бидуни ишора ба бадаҳдии аврупоиҳо дар қиболи БарҶом аз Эрон хост, дар хусуси ин тавофуқ ҳамчунон "сабур" бошад. Макрон иддао кард, то 8 –уми июл (поёни муҳлати 60 рӯзаи Эрон ба Иттиҳоди Аврупо) фурсат барои анҷоми гуфтугӯҳои бештаре ҷиҳати наҷоти тавофуқи ҳастаӣ вуҷуд дорад.
Дар воқеъ аврупоиҳо хоҳони идомаи иҷрои БарҶом аз ҷониби Эрон бидуни баҳра бурдан аз манофеи он ҳастанд. Табиатан чунин рӯйкарде на фақат бо ақлу мантиқ созгор нест, балки хостае комилан ғайриқонунӣ ва бар хилофи мафоди тавофуқи ҳастаии БарҶом аст. Могерини муддаӣ шудааст, ки тамаркузоти Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли ҳозир рӯйи ҳифзи тавофуқи ҳастаии БарҶом ва бархурдор шудани мардуми Эрон аз манофеи ин тавофуқ қарор дорад, ки ин иддаои Могерини бо воқеиёти хориҷӣ ҳамхонӣ надорад.
Мусалламан табаоти коҳиши тааҳҳудоти ҳастаии Эрон дар чорчӯби БарҶом ва паёмадҳои эҳтимолии он бар уҳдаи аъзои ғарбии гурӯҳи 4+1 аст, ки ҳамчунон хоҳони пойбандии Теҳрон ба ин тавофуқ бидуни баҳра бурдан аз самароти он ҳастанд.