Июн 18, 2019 16:53 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин шаҳраки доруии ғарби Осиё дар Эрон

Бузургтарини шаҳраки доруии ғарби Осиё имрӯз дар устони Албурзи Эрон (ғарби Теҳрон) ифтитоҳ ва аз 9 доруи ҷадид дар ин шаҳрак рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармону омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими гушоиши ин шаҳраки доруӣ бо баёни ин ки 97 дарсади ниёзи доруии Эрон дар дохили кишвар тавлид мешавад, афзуд, доруҳои хориҷӣ 3 дарсад аз саҳми бозори Эронро ба арзиши як миллиарду се миллион доллар ба худ ихтисос додаанд, дар ҳоле ки доруҳои дохилӣ бо таъмини 97 дарсади бозори дохилӣ 550 миллион доллар бори молӣ барои ин кишвар доранд.

Дар маросими гушоиши бузургтарин шаҳраки доруии ғарби Осиё аз доруҳои “Sertraline Hydrochloride” барои дармони афсурдагӣ, «Hydrochloride Dapoxetine” барои дармони нобороварии оқоён, “Ticagrelor” барои пешгирӣ аз эҷоди лахтаҳои хунӣ, “Fusidate Sodium” барои дармони уфунатҳои пӯстии аввалия рӯнамоӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин маросим аз доруи «Osteoarthritis” барои дармони илтиҳоби муфсил ва доруи “Vitiligo” барои дармони сафедшавии пӯст рӯнамоӣ шуд. Доруи “Vinorelbine” барои дармони саратони пешрафтаи пистон ва “Edaravone” барои беморони мубтало ба сакта низ дар ин маросим рӯнамоӣ шуданд.

 

Барчасп