Июн 19, 2019 14:18 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: муҳлати Эрон ба тарафҳои боқимонда дар БАРҶОМ қобили тамдид нест

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон таъкид кард, муҳлати думоҳаи Эрон ба тарафҳои боқимонда дар БАРҶОМ қобили тамдид нест

Беҳрӯзи Камолвандӣ сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон афзуд, таълиқи тааҳудоти барҷомии Эрон дар чорчуби "қонуни мусавваби маҷлиси Шурои исломӣ дар иқдоми мутаносиб ва мутақобили давлати Эрон дар иҷрои БАРҶОМ" дар ҳоли анҷом аст.

Камолвандӣ гуфт, бар асоси қонуни иқдоми мутаносиб ва мутақобили давлати Эрон дар иҷрои БАРҶОМ иқдоми Теҳрон вобаста ба наҳваи иҷрои тааҳудоти дигар аъзои БАРҶОМ аст ва намешавад кишваре тааҳудоти худро анҷом диҳад ва тарафҳои дигар дар амал коре накунанд.

Вай таъкид кард иқдомоти Эрон ба таври мутаволӣ ва вобаста ба ҳам дар ҳоли анҷом аст ва шароити баргашт ба ақиб вуҷуд надорад, агар таълиқи тааҳудоти Эрон бихоҳад аз байн биравад бояд 4+1 тааҳудоти худро анҷом диҳад.

Шурои олии амнияти миллии Эрон 8 майи 2019 дар баёнияе эълом кард, Эрон бар асоси банди 26 ва 36 БАРҶОМ ва ба далели бадаҳдии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳудоти худ бархе иқдомоти худ дар БАРҶОМро мутаваққиф мекунад.

Эрон ҳамчунин ба кишварҳои боқимонда дар БАРҶОМ 60 рӯз барои иҷрои тааҳудоти худ ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ фурсат дод ва ба онон эълом кард, ки агар дар ин муддат ба тааҳудоти худ амал накунанд, Эрон тааҳудоти дигареро мутаваққиф хоҳад кард.

 

Барчасп