Июн 19, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Баргузории гирдиҳамоии солонаи зартуштиёни ҷаҳон дар Язди Эрон

Имсол низ яке аз бузургтарин гирдиҳамоиҳои зартуштиёни ҷаҳон дар зиёратгоҳи “Пири сабз” ё “Чакчак” дар Ардакони Язди Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Чакчак ё зиёратгоҳи Пири сабз яке аз муҳимтарин зиёратгоҳҳои зартуштиёни ҷаҳон аст, ки дар 43 километрии шарқи шаҳри Ардакон, дар устони Язд, дар маркази Эрон воқеъ шудааст.

Зиёратгоҳи Чакчак  ба далели мавқеияти ҷуғрофиёии хосаш ҳар сол дар айёми мухталифи сол на танҳо мизбони теъдоди зиёде аз зартуштиён аст, балки мизбони гардишгарони мусалмон низ ҳаст.

Дар рӯзҳои 24 то 28 (14-18 июн) ин макон ихтисосан дар ихтиёри зартуштиён қарор дорад ва пайравони ин ойин аз саросари Эрон ва дигар кишварҳо дар ин маросим ширкат мекунанд.

Барои вуруд ба зиёратгоҳ бояд пок буд ва бояд ба нишонаи эҳтиром кафшҳоро аз пой дароварду кулоҳ бар сар ниҳод.

Кафи зиёратгоҳи Чакчак бо санги мармар пӯшида шудаву қатраҳои об аз бахше аз сақфи Чакчак бар замин мерезад ва эҳтимол дорад ин маҳал низ аз ҳамин рӯ Чакчак ном гирифта бошад.