Июн 20, 2019 16:39 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густурдаи сарнагунии паҳподи амрикоӣ дар расонаҳои ҷаҳон

Сарнагунии паҳподи ҷосӯсии «Global Hawk»-и Амрико дар савоҳили Ҳурмузгон тавассути падофанди ҳавоии нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон то кунун бозтоби густурдае дар  расонаҳои ҷаҳон доштааст.

Хабаргузории “Reuters” навишт: Сипоҳи посдорони Эрон як паҳподи ҷосусии Амрикоро дар Ҳурмузгон сарнагун кард.

Ин хабаргузорӣ афзуд: “Хабаргузории “Сипоҳ нюз” вобаста ба Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки сипоҳ як паҳподи ҷосусии Амрикоро дар минтақаи Ҳурмузгон воқеъ дар ҷануби ин кишвар сарнагун кард”.

“Reuters” афзуд: “Дар ин гузориш омадааст, ки ин паҳпод замоне сарнагун шуд, ки вориди ҳарими ҳавоии Эрон дар наздикии минтақаи Кӯҳи муборак дар ҷануби ин кишвар шуда буд”.

Пойгоҳи интернетии шабакаи ̊Руся ал Явм” ҳам бо ин сархат: “Сипоҳи посдорони Эрон як паҳподи амрикоиро сарнагун кард” навишт: Сипоҳ посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кардааст, ки як паҳподи ҷосусии Амрикоро бомдоди имрӯз дар устони Ҳурмузгон воқеъ дар ҷануби ин кишвар сарнагун кардааст.

Шабакаи хабарии “Sky News Arabia” вобаста ба Имороти муттаҳидаи Арабӣ ҳам дар ин бора навишт: Эрон иддао кардааст, ки ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар минтақаи Ҳурмузгон сарнагун кардааст, аммо Амрико такзиб мекунад.

Бар асоси ин гузориш, “Sky News Arabia” афзуд: Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи фармондеҳи марказии Амрико ба хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” гуфтааст, ки ҳеҷ паҳподе ба он минтақа аз Эрон фиристода нашудааст.

“Спутник арабӣ” ҳам навишт: Сипоҳи посдорони Эрон аз сарнагунии як паҳподи ҷосусии Амрико, ки вориди ҳарими ҳавоии Эрон шуда буд, хабар додааст.

Ин хабаргузорӣ афзуд, Вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфта буд, ки ҷадидтарин амалиёти истиқрори ҳазор нерӯи амрикоӣ дар Ховари Миёна шомили мушакҳои “Патриот”, “Паҳпод” ва ҳавопаймоҳои шиносоӣ ҳам мешавад.

Ин хабаргузорӣ афзуд, бо ин ҳол сухангӯи Пентагон гуфтааст, ки Амрико барои ҷанг бо Эрон талош намекунад, аммо мо омодаем аз нерӯҳо ва манофеи Амрико дар минтақа дифо кунем.

Вебгоҳи рӯзномаи фаромитақавии “Ал Қудс ал Арабӣ” ҳам ба хабар сарнагунии паҳподи ҷосусии Амрико тавассути сипоҳ вокуниш нишон дод ва навишт, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз сарнагунии як паҳподи ҷосусии Амрико хабар додааст.

“Ал Қудс ал Арабӣ” афзуд, Сипоҳи посдорон бо эъломи инки ин паҳподи «Global Hawk» буда, афзуд, сарнагунии ин паҳпод бо оташи падофанди ҳавоии нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Эрон дар устони Ҳурмузгон сурат гирифта шудааст.

“Ал Қудс ал Арабӣ” бо ишора ба инки Bill Urban, сухангӯи фармондеҳи марказии артиши Амрико эълом кардааст, ки ҳеҷ паҳподе ба минтақаи мавриди назар ирсол нашудааст, дар идома навишт: Urban танҳо ба ҳамин суханон басанда кард ва ба ҷузъиёти бештаре дар ин хусус ишорае накард.

Ҳамин пойгоҳ дар идома навишт, "артиши Амрико пеш аз ин сарнагунии паҳподи ин кишвар тавассути ҳусиҳо дар шашуми июни гузаштаро таъйид карда буд".

Вебгоҳи «Ал Араби ал Ҷадид» ҳам бо ин сархат «Сарнагунии паҳподи ҷосусии Амрико дар Ҳурмузгон» ба ин хабар вокуниш нишон дод.

Ин вебгоҳ бо ишора ба ин мавзӯъ навишт: Шохаи расонаии Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи панҷшанбе аз сарнагунии як  паҳподи ҷосусии Амрико дар минтақа иҲурмузгон воқеъ дар ҷануби ин кишвар хабар додааст.

Бахши арабии вебгоҳи шабакаи «НРТ» ҳам ба ин мавзӯъ пардохт ва навишт, расонаҳои Эрон субҳи рӯзи панҷшанбе аз сарнагунии як паҳподи ҷосусии Амрико дар ҷануби ин кишвар хабар додаанд.

Ин пойгоҳ афзуд, ин паҳпод замоне сарнагун шуд, ки ҳарими ҳавоии Эронро нақз карда буд.

«НРТ» дар идома навишт, бо ин ҳол артиши Амрико нақзи ҳарими ҳавоии Эрон тавассути ҳар паҳподи ин кишварро рад кардааст.

Рӯзномаҳои кувейтӣ ҳам «Ал раъй» ва «Ал Қибс» низ хабари сарнагунии ин паҳподро пӯшиш доданд.

Ин рӯзномаҳо хабари мазкурро ба нақл аз Рейтерз пӯшиш доданд ва эълом карданд, ки паҳподи мазкур дар пайи нақзи ҳарими ҳавоии Эрон соқит шудааст.