Эрон, раиси давраии гурӯҳи Осиё ва Уқёнусияи Созмони Байналмилалии Кор
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44575-Эрон_раиси_давраии_гурӯҳи_Осиё_ва_Уқёнусияи_Созмони_Байналмилалии_Кор
Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон, раиси давраии гурӯҳи Осиё ва Уқёнусияи Созмони Байналмилалии Кор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 20, 2019 19:58 Asia/Dushanbe
  • Эрон, раиси давраии гурӯҳи Осиё ва Уқёнусияи Созмони Байналмилалии Кор

Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон, раиси давраии гурӯҳи Осиё ва Уқёнусияи Созмони Байналмилалии Кор шуд.

Муҳаммади Шариатмадорӣ, вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон дар иҷлоси гурӯҳи Осиё ва Уқёнусияи Созмони байналмилалии Кор бо итмоми давраи раёсати Чин ва бо пешниҳоди панҷ кишвар ва тасвиби аъзо ба раёсати ин гурӯҳ баргузида шуд.

Ҷаласоти идораи иҷлоси Осиё ва Уқёнусияро дар тӯли сол намояндаи Эрон дар Созмони Байналмилалии Кор идора хоҳад кард.

Нишасти баъдии ин гурӯҳ, тирамоҳи имсол баргузор мешавад.

Шариатмадорӣ барои ширкат дар 108- конфронси Байналмилалии Кор ба Женева сафар кардааст.

108-умин Конфронси байналмилалии кор аз даҳуми июн дар Женеваи Швейтсария оғоз шудааст ва то 21 июн идома хоҳад дошт.