Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон: Тангаи Ҳумуз гӯристони ҳамешагии мутаҷовизон аст
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тааррузи ПАҲПОД –ҳо (парандаҳои ҳидоятпазир аз дур) - и ҷосусии Амрико ба ҳарими ҳавоии Эрон таъкид кард, мақомҳои амрикоӣ бидонанд, тангаи Ҳумуз гӯристони ҳамешагии мутаҷовизон аст.
Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷиалиакбарӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо баёни ин ки мақомҳои Кохи Сафед пас аз сарнагунии ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико даступоча шуданд, афзуд: “Раиси ҷумҳурии Амрико ибтидо сарнагунии ин пҳподро такзиб ва сипас таъйид кард, ки ин нишон медиҳад вай дучори ҳазёнгӯӣ ва танзсароӣ шудааст”.
Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷиалиакбарӣ бо таъкид бар ин ки Эрон ҳаргиз шуруъкунандаи ҷанг нахоҳад буд, гуфт, агар душманон ҷанге алайҳи Эрон ба роҳ биандозанд, поёни ин ҷанг бо онон нахоҳад буд.
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба тавоноии дифоии Эрон изҳор дошт, Эрон барои муқобила бо таҳдидоти душманон, қудрати боздорандагии болое дорад. Аз ин рӯ амрикоиҳо бояд муроқиби таҳаррукоти худ бошанд.
Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷиалиакбарӣ бо таъкид бар ин ки Амрико бояд ба далели таарруз ба ҳарими ҳавоии ҷумҳурии исломӣ аз миллати Эрон узрхоҳӣ кунад, бар лузуми пайгирии ин иқдоми Амрико дар ҷомеаи байналмилалӣ таъкид кард.
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо баёни ин ки режимҳои муртаҷеи минтақа бояд ба ҳамоқати худ дар бораи хариди силоҳ аз Амрико поён диҳанд, гуфт: “Режимҳои муртаҷеи минтақа бубинанд, ки ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико, ки ба гуфтаи мақомҳои ин кишвар ғайриқобили радёбӣ ва шиносоӣ ва аз пешрафтатарин ПАҲПОД –ҳои Амрико аст, чӣ гуна тавассути сомонаи дифоии тамом эронӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва соқит шуд.