Баёноти мақоми муаззами раҳбарӣ дар дидори ҳазорон нафар аз ақшори мухталиф
(last modified Tue, 20 Sep 2016 12:14:50 GMT )
Сентябр 20, 2016 17:14 Asia/Dushanbe
  • Баёноти мақоми муаззами раҳбарӣ дар дидори ҳазорон нафар аз ақшори мухталиф

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ муҳимтарин паёми Ғадирро таъини имомат баунвони зобита ва қоидаи ҳукумат дар ислом баён карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ аъзамии Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар дидори ҳазорон нафар аз ақшори мухталифи мардум ба муносибати Иди саиди Ғадири Хум, зимни табрики ин иди бузург ба мусалмонон афзуданд: Воқеаи Ғадир поягузории қоидаи ҳукумат дар ҷомеаи исломӣ аст ва нишон медиҳад, ислом ба ғайр аз зобитаи имомат ва вилоят, моделҳои ҳукуматҳои салтанатӣ, шахсӣ, зару зӯр, зиёдахоҳ, мутакабир, пайрави шаҳавот ва ашрофиро қабул надорад.  

Эшон бо ишора ба вижагиҳои мунҳасир ба фарди Амиралмуъминин ҳазрати Алӣ (а) бавижа хусусиёти ҳукуматии эшон аз ҷумла адолат, инсоф, ҳидояти ҷомеа ба тақво, иҷтиноб аз захориф (чизҳои пучу ботил) –и дунё таъкид карданд: Имони амиқ, сабқат дар ислом, фидокорӣ дар роҳи ислом, ихлос, исору гузашт, аз сифот ва хусусиёти маънавиву инсонии ин имоми бузургвор аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар баёни аҳаммияти мавзуи Ғадир, бо ишора ба дастури Худованд ба паёмбари аъзам (с) мабнӣ бар инки иблоғи рисолат дар гарави иблоғи имомат аст, гуфтанд: Ин эътиқоди исломӣ мубтанӣ бар мабонии мустаҳкаму истидлолҳои ғайри қобили хадша аст, аммо пайбандӣ ба ин эътиқод ва баёни он, набояд бо таҳрики эҳсосоти бародарони аҳли суннат ҳамроҳ бошад, зеро ин кор хилофи сайраи аимаи маъсумин (а) аст.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар аҳаммияти ваҳдат дар дунёи ислом афзуданд: Таҳрики эҳсосоти дигар фирқаи исломӣ ба исми шиа, дар воқеъ «шиаи англисӣ» буда ва натиҷаи он зуҳури гурӯҳҳои хабис ва муздури вобаста ба Амрико ва сервиси ҷосусии Англия ҳамчун ДИИШ ва Алнусра аст, ки ҷиноёт ва вайрониҳои зиёдеро дар минтақа ба роҳ андохтаанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳадафи аслии душман дар шароити кунуниро ихлол дар иқтисоди Эрон бо ҳадафи эҷоди норизоятии мардум аз низоми исломӣ донистанд ва бо ишора ба таъкидҳои мукаррари худ барои таҳаққуқи иқтисоди муқовиматӣ афзуданд: Дар чунин шароите вазифаи давлат, маҷлису масъулони бахшҳои мухталиф ва ҳамчунин оҳоди мардум, барномарезӣ ва иқдом дар нуқтаи муқобили ҳадафгирии душман аст.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳаракати умумии ҷумҳурии исломии Эронро ба баракати ҷавонҳои бешуморе, ки барои эҳёи ислом ва иқомаи дин талоши бевақфа мекунанд, хуб тавсиф карданд ва тасреҳ карданд: Ин ҷавонҳо ҳар душмане аз ҷумла Амрико ва режими саҳюнистиро ба зону дар хоҳанд овард.