Июн 24, 2019 14:45 Asia/Dushanbe
  • Музокироти раиси Иттиҳодияи байнимаҷолиси ҷаҳонӣ дар Теҳрон

Решаи бисёре аз мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, диктатории бархе кишварҳо ба вижа Амрико аст, ки бо нақзи муқаррароти байналмиллалӣ дар масири якҷонибагароӣ ҳаракат мекунад.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар дидор бо Габриела Куевас Барон раиси Иттиҳодияи байнимаҷолиси ҷаҳонӣ бо баёни ин нукта ҳузури низомии мудохилаҷӯёнаи Амрикоро иллати мушкилот ва эҷоди ноамнӣ дар минтақа донист.

Амният ниёзманди чандҷонибагароӣ аст дар ҳоле ки сиёсати Амрико бар мабнои якҷонибагароӣ аст, ки монеъ аз ҳамкории амниятӣ байни кишварҳои минтақа шудааст.

Руҳонӣ дар баёни аҳамияти ин мавзӯъ ба мудохилоти 17 соли гузаштаи Амрико дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва ахиран дар Яман ишора кард ва гуфт, амнияти ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ва Халиҷи Форс бояд тавассути кишварҳои минтақа таъмин шавад.

Муҳаммад ҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон низ дар дидори раиси Иттиҳодияи байнимаҷолиси ҷаҳонӣ зарурати истифода аз созукорҳои парлумонӣ барои коҳиши танишҳои минтақаӣ ва пешбурди тарҳҳо ва ибтикорот барои тақвияти ҳамкориҳои минтақаиро хотирнишон кард.

Кишварҳои минтақа дар ду даҳсолаи ахир даврони сахт ва пуртанишеро пушти сар гузоштаанд ва бо фишорҳо ва буҳронҳое ру ба ру шудаанд, ки аз сӯи қудратҳои мудохилагар ба онҳо таҳмил шудааст.

Ин вазъият фурсате барои тавсеаи якҷонибагароии Амрико фароҳам кард. Иқдомоти ғайримантиқӣ ҳамчун хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва ба чолиш кашондани асли таомул ва қонунпазирӣ, ки аз аносури тазминкунандаи сулҳу амнияти байналмиллалӣ ҳастанд натиҷаи чунин рафторе будааст.

Мутаъсифона бархе режимҳои минтақа ҳамчун Арабистон, Аморот ба хотири вобастагиҳояшон ба Амрико дар сиёсатҳои танишсоз ва шароратомези Амрико ва Исроил ҳамсӯ шудаанд.

Изҳороти раиси ҷумҳури Эрон дар дидори раиси Иттиҳодияи байнимаҷолиси ҷаҳонӣ ишора ба ҳамин нукта дорад. Ҳасани Руҳонӣ дар ин хусус ба мавзӯи таҷовузи паҳподи  амрикоӣ ба ҳарими ҳавоии Эрон ишора кард ва ин иқдомро оғози танише нав аз сӯи Амрико дар минтақа ва таҳдидкунандаи амнияти оброҳи муҳими Халиҷи Форс ва баҳри Уммон донист ва хотирнишон кард, ки ҳамаи ниҳодҳои байналмиллалӣ бояд аксуламали муносибе ба ин иқдоми таҷовузкоронаи Амрико нишон диҳанд.

Аммо ниҳоди байнимаҷолис то чи андоза метавонад ба рафъи ин чолиш кумак кунад ва байнимаҷолис метавонад ба унвони мунъакискунандаи дидгоҳҳои миллатҳо, ироакунандаи роҳи ҳалҳо ва заминасози ҳамкорӣ барои муқобила бо таҳдидҳо бошад.

Козим Ҷалолӣ намояндаи маҷлиси Шурои исломӣ ва раиси маркази пажуҳишҳои маҷлиси Эрон дар ин замина мегуяд, имрӯз Иттиҳодияи байнимаҷолиси ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи болое бархурдор аст. Маҷолис ва парлумонҳо иртиботи наздике бо хостаҳои миллатҳо доранд ва метавонанд онҳоро мунъакис кунанд. Аз ин дидгоҳ ин ниҳод ҳамонанди маҷмаи умумии Созмони Миллал фурсати муносибе аст, ки метавон дар он дар заминаи ҳамкориҳои минтақаии байналмиллалӣ баҳсу гуфтугӯ кард.

Иттиҳодияи байнимаҷолиси ҷаҳонӣ  бо беш аз 110 сол қидмат ва наздик ба 180 узв, арсаи иртиботи байни намояндагони миллатҳо аст, ки яке аз ҳадафҳои ташкили он кумак ба сулҳу ҳамкорӣ миёни миллатҳо бо гуфтугӯ миёни парлумонҳои ҷаҳон аст. Аз ин дидгоҳ ин иттиҳодия ниҳоде таъсиргузор дар сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки метавонад зимни эҷоди иртибот миёни маҷолиси кишварҳо ба наздик кардани дидгоҳҳо дар баробари таҳдидҳо ва шинохти авомили барҳамзанандаи субот ва амнияти миллатҳо дар ҷаҳон кумак кунад.

Аз ин зарфият метавон дар ҷиҳати пешбурди сулҳу амният ва пешгирӣ аз эҷоди танишҳои бархоста аз иқдомоти мутаҷовизон истифода кард. Сафари раиси ин иттиҳодия ба Теҳрон ва музокироташ дар дидор бо мақомҳои Эронро мебоис дар ҳамин чорчуб арзёбӣ кард.