Содироти меваҳои Афғонистон аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон
(last modified Thu, 27 Jun 2019 11:23:20 GMT )
Июн 27, 2019 16:23 Asia/Dushanbe
  • Содироти меваҳои Афғонистон аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон

Сафири Эрон дар Афғонистон гуфт, меваҳои тоза ва хушки Афғонистон аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон дар ҷанбуи шарқи Эрон ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон содир мешаванд.

Ба гузориши ИРНО, Муҳаммадризо Баҳромӣ чаҳоршанбешаб дар нишаст бо тоҷирон, сармоягузорон ва фаолони иқтисодии ғайриэронӣ дар минтақаи озоди Чобаҳор таъкид кард, фурсатҳои сармоягузорӣ ва мазиятҳои тиҷорӣ ва иқтисодии бандар ва минтақаи озоди Чобаҳор метавонад барои тоҷирони Афғонистон муқид ва ҷаззоб бошад.

Сафири Эрон дар Афғонистон бо баёни инки транзити коло аз Афғонистон ба дигар кишварҳо  аз тариқи бандари Чобаҳор шомили ҳеҷгуна таҳрим ва маҳдудияте намешавад афзуд, роҳандозии хатти муназзами киштиронӣ миёни бандари Чобаҳор бо бархе банодири Халиҷи форс ва Ҳинд транзити колоро дар ин минтақа тасҳил мекунад.

Баҳромӣ бо баёни инки дидгоҳи Эрон дар хусуси сармоягузорӣ ва тиҷорат дар Чобаҳор мубтанӣ бар асли бурд-бурд аст афзуд, бандари Чобаҳор ба ҳеҷ ваҷҳ қасди рақобат бо ҳеҷ нуқтаеро надорад ва тиҷорат дар ин бандар набояд даргири мавзӯоти сиёсӣ шавад.

Бандари Чобаҳор ба сабаби қарор гирифтан дар масири кридорҳои транзитии шимол-ҷануб ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ба унвони маркази тиҷории чандманзура барои Эрон ва низ кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон бо ҳадафи вуруд ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва транзити чандҷонибаи коло қаламдод мешавад.

Бандари Чобаҳор ҳамакнун аз зарфияти тахлия ва боргирии солиёна ҳашту ним миллион тона коло бархурдор аст. Бо тавсеаи бандари Чобаҳор метавон ин зарфиятро дар сол то 15 миллион тона боргирӣ ва транзити коло афзоиш дод.